Аз пайи паланг

сонд. Гирди мӯйсафед чарх зада, бо аломати хурсандӣ пойҳои мӯйсафедро бӯй кашид.
Мӯйсафед ба ҳуш зад, қиёфааш дигар шуд ва рӯҳу тавон пайдо карда назди ҷавонмарди миёнаумр омада пулҳояшро баровард, ки баргардонад.
Харидор хеле ба рангу рӯи парида ва дидаи пурҳайрати мӯйсафед зеҳн монда афзуд.
– Падар, ман аз аввал пай бурдам, ки саги ту, саги одӣ нест, балки маҳз ба шумо имон овардааст, то ҷон дорад, танҳо ба шумо содиқ мемонад. Ин ҳолат ҳам ошкор шуд, маълум шуд, ки одамонанд якдигарро мефурӯшанд. Ҳайвонҳо не, то дами охир ба соҳиби худ вафодор мемонанд...
– Пулро гир, то нафақаат мерасидагист. Лекин дигар сагатро ба бозор набиёр, нафурӯш. Зиқу хафа нашав. Ҳамааш мегузарад.
– Гуфтӣ, сагҳои хориҷиро қимат хариданд, хайр чӣ? Онҳо дар хонаву ҳавлиҳои барҳаво мезиянд, саги шумо чӣ, дар берун таги порисаву майдон мезияд, аммо вафодор аст ва то дами марг хизмат мекунад.
Мӯйсафеди каме ранҷидаву ба ҳайкали ҳайрату тааҷҷуб табдилёфта боз нигоҳашро ба саг кӯчонд...
Саг бо дили пур паҳлӯяш меистод. Мӯйсафед хост ба ҷавонмарди миёнаумр изҳори миннатдорӣ намоянд, ки ӯро дар ҷояш надид. Вай миёни дигар одамони парешонгашта ғайричашмдошт ғайб зад...
Мӯйсафеди дасту по гумкарда боз банди саги зардро гирифта оҳиста-оҳиста аз бозор дур шуд. Ӯ мехост, ки симои ҷавонмарди миёнаумрро аз нав, ба дида кашад, ӯро фаромӯш насозад. Аммо аллакай дер шуд. Мӯйсафед монду саги зард ва чихил сомонии кафи дасташ. Саги доно боз дар нимароҳ қафо мондани соҳибашро дида ҳайрон шуд. Ба пулҳои мӯйсафед ва дидаи ҳайратовари сохибаш нигоҳ карда чизе нафаҳмид. Ақли сагонааш ханӯз сарфаҳм намерафт, ки чаро пирамард ба коғазҳои дасташ нигоҳкунон афсӯс мехӯрад ва ҳар замон оҳ мекашад, оҳе, ки онро танҳо саги зард мешунаваду бетоқат мегардад, ноилоҷ зӯза мекашад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё