Аз пайи паланг

Ҳис кард, ки аз хунукию гуруснагӣ ва оворагардӣ рӯз то рӯз қуввату мадораш кам мешавад.
Оқибат ҷонвар фукашро боло бардошту бо умед ба атроф нигоҳ кард. Дар ахлоттӯдаҳо чизе ба чашм нарасиду ноилоҷ пештар қадам зад.
Пештар аз ҳамин ахлоттӯдаҳо як чиз-ним чиз хӯрданӣ меёфт. Ақаллан соҳиби устухоне, пораи нони хушкидае мешуд.
Аммо вақтҳои охир ахлоттӯдаҳо ба ҷуз шишаҳои холӣ, банкаю қоғазпораҳо чизе надоштанд.
...Саги пир сарашро поин андохта, сӯи кӯчаи рӯ ба рӯ роҳ поид, зеро қариб ёрои поймонӣ надошт. Аз зӯрии барф ба худ мепечид. Саг пойҳояшро базӯр нигоҳ медошт. Нохост чашмонаш сиёҳӣ заданду мувозинаташро гум кард. Хост аккос занад, вале овози хиррияш набаромад. Яхпораи бари роҳ ҷисмашро афгор кард. Саги пир дар умраш бори аввал афтод. Фиғон кашидан хост. Қаъри дилаш таҳ кашид, сӯзише баданашро фаро гирифт. Аз бехудӣ, азобу хорӣ аввалин маротиба ба атрофиёнаш нафрат хонд. Паст, хеле паст. Инро танҳо худаш фаҳмиду халос. Боз ноилоҷ фукашро болои пойҳояш монда, озурдахотир дам ба дарун кашид. «Наход боз ноумед шавам», – аз дил гузаронд саги пир.
Ин вақт яке чашмаш ба устухоне афтид. Наздик омада бӯй кашид, устухон чандрӯза буду бӯи бад дошт. Аввал хост аз баҳри устухон барояд. Лекин нашуд. Гушнагӣ корашро кард.
Устухонро пеш кашида ба хоидан даромад. Устухони чандрӯза ҷо-ҷо сафед буд. Дандонҳояш қуввати шикастани устухонро надоштанд, фаҳмид, ки пирӣ корашро кардааст.
Фаҳмид, ки ба умраш рӯзҳои башумор мондааст. Аммо зистан мехост, мехост як илоҷ карда зимистонро паси сар намояд, он тарафаш осон. Як илоҷ карда аз шаҳр берун меравад. Ба ягон деҳаи дуртар паноҳ мебарад, танҳо ҳамин зимистон зияд, шуд, он тарафаш...
Устухонро мехоиду мехоид ва ба ҳалқаш оби ғашоваре мерехту дилашро нороҳат мекард, бисёр мехост, ки ҷои нармашро ёбад. Буздил набуд вай, бо вуҷуди ин, аз зимистони имсола сахт меҳаросид. Саг худашро торафт оҷизу нотавонтар ҳис мекард. Яке садои ҳамҷинсонаш ӯро ба худ овард. Дид, ки дуртар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё