Аз пайи паланг

– Ҳа, беҳуда ба гапи модарам гӯш накардам, – оҳ кашид санговдавак.
Гуруснагӣ азобаш медод. Ноилоҷ ҷои гармашро тарк кард, дар соҳил аз санге ба санге парида, ба об наздик шуд. Он ҷо ду нафар бо тӯр моҳӣ медоштанд. Онҳо моҳичаҳоро ҳам ба дом афканда, дар халтаи махсус даруни об мегузоштанд. Санговдавакро талошу ҷонкании моҳичаҳо ғамгин кард. Моҳигирҳо бошанд, ба ин аҳамият надода, тӯрро тез-тез ба об мепартофтанд.
Парандаи зирак дар соҳил болои харсанге нонрезаҳоро диду онҳоро саросема бо минқорчааш чидан гирифт. Ду-се нонрезаро фурӯ бурда буд, ки аз куҷое сангчае башаст омаду сахт ба ҷисми нозукаш бархӯрд. Қаноташро сӯзиши сахте фаро гарифт. Мехост парвоз кунад, натавонист, балки базӯр, охирин мадорашро ҷамъ карда, паси сангҳо пинҳон шуд. Лаҳзаи охир чашмаш ба моҳигир афтод, ки мехост, ӯро боз нишон бигирад.
Вале худдорӣ карду бепарвоёна нигоҳашро аз мурғаки маҷрӯҳ канда, ба рафиқаш гуфт:
– Медонӣ, ҷӯра, дар мулки мо ҳамин санговдавак кам мондагӣ. Лекин сабил сахтҷон будааст. Аз зарби санги дастам намурд-е... Ҳӣ-ҳӣ-ҳӣ...
Моҳигири дигар аз муносибати ҳампаҳлӯяш ҳайрон шуда, китф дарҳам кашид. Балки вай надид, ки чӣ тавр ин сайди тасодуфӣ базӯр аз марг раҳо ёфт...
Санговдавак миёни сангҳо руст шуда, роҳи аз таъқиби моҳигир раҳо ёфтанро меҷуст. Қаноташ сахт дард мекард. Ба ҷои захмбардошта нигоҳ кард. Сарашро болои ҷароҳат гузошт.
Аз қаноташ кам-кам хун мешорид. Охирин қувваташро ҷамъ карда, базӯр бол кушод. Натавонист ба як самти муайян биравад. Бо душворӣ худро ба наздикии арча расониду аз душман паноҳ ёфт.
Мадоре надошт. Хеле дам гирифту саранҷом ба шохи боло ва боз болотари арча парид. Ин ҷо дар шохаи хушкшуда лонаи кӯҳнаашро дида хушҳол шуд. Фикр кард, ки албатта, зинда хоҳад монд. Лонаи кӯҳна барояш рамзи хоби ором буд.
Хушҳолона аз шоха ба шохае парида, ғамро аз худ дур мекард.
Дар таги арча ҷои мувофиқеро интихоб карду барои худ лонаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё