Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Саиди шикорчӣ баъди лаҳзае фаҳмид, ки роҳи Ҷари Говкуш ба рӯяш баста гардид.
«Кош ба Ҷари Говкуш фурӯ мерафтаму ҷонам аз ҳамааш халос мешуд. Худоё, наход то ҳол рӯҳи саманди бегуноҳ маро таъқиб дорад. Шояд тақдирам ҳамин бошад? Не, ба ҳамааш гунаҳгор худам, аз он вақте ки сабабгори марги саманди бегуноҳ гаштам, зиндагиам тираву тор шуд. Аз зану бачаам, мардум ҷудо гаштам, Худоё, ман назди ту чӣ гуноҳе доштам, ки рӯзгорам талх гардид. Худоё...»
Саиди шикорчӣ аз дами Ҷари Говкуш дур шуда, дидаҳои тарашро пок кард. Акнун барф ҳам монда буд. Шикорчии пир дигар ёрои деҳаи Тобасанг рафтан надошт. Ӯ каме дуртар рафта байни дарахту бурсҳои шикаста ҷой гирифт. Шоху навдаҳои аз зарби тундбод шикастаро ҷамъ карда, камингоҳе сохт чайламонанд. Ба чайла даромада туфангу тирдон, кабкҳоро паҳлӯяш монда хоб кард. Саҳар барвақт хест, алов даргиронда нонушта кард. Аз чайла атроф бо пуррагӣ намудор буд. Аз шоху навдаҳо барф мерехт.
Аз атроф бӯи баҳору гармӣ меомад. Кадом як қувваи ноаёне ӯро дар ин манзили аҷдодӣ нигоҳ медошт…
Дар Тобасанг хешону наздикон, аҳли деҳа ӯро азо гирифтанд. Кабкҳояшро аз шаҳр ҷӯраҳояш омада бурданд. Хонааш холӣ монд. Ҳоло ҳам хонаи Саиди шикорчӣ дар гӯшаи деҳа нимвайрона намудор аст. Касе ба ин вайрона нигоҳ намекунад, гӯё аз ин ҳавлӣ ҳама метарсанд…
Дар Тобасанг касе намедонист, ки Саиди шикорчӣ дар канори Ҷари Говкуш то ҳол зиндагӣ дорад. Акнун ба ҷои чайла хоначаи хурдакаке аз дур намоён аст. Сайёди пир то ҳанӯз ба ёди саманду умри барбодрафтааш зиндагӣ дорад…

ГУЛМОҲӢ

Гулмоҳӣ шино дошт. Дарёча мавҷ мезад. Шамоли саҳарӣ аз бари соҳил мевазид. Дар регзори соҳил як села парандагон сайр доштанд.
Моҳихӯракҳо аз боло худро бо шаст ҳар сӯ зада, боз нопадид мешуданд. Гулмоҳӣ дид, чӣ тавр моҳичае тӯъмаи

пешина
аз 193
навбатӣ