Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ин ҷо биё, мардак, бин чӣ ёфтам!
– Чӣ, тило ёфтӣ, ки ин қадар хурсандӣ?
– Эҳ, мардаке, мани нодон аввал ба ин парстуҳо бовар надоштам! Бешубҳа, бахосият будаанд! Ана аз лойи хонаи онҳо ангуштарии гумкардаамро пайдо кардам. Онҳо чунон устокорона лона сохтаанд, ки ҳайрон мемонӣ. Аҷибаш ин, ки ангуштариро пайдо карда як тараф гузоштаанд.
Пир хеле ба лойхона нигоҳ карду афзуд:
– Акнун биё, лонаашонро тамошо кунем, ҳар ду дохили айвон шуданд. Дар кунҷи айвон лонаи зебое ба таври ҳайратовар овезон буд.
Пир лонаро аз назар гузаронда бо ифтихор гуфт:
– Бин, чӣ хел ҳунармандона сохтаанд! Лонаи парасту аз ду хонача иборат аст,– суханашро идома дод пир. Хоначаи калон барои тухмгузорист, ки онро хеле мустаҳкам месозад. Даҳлези хона ҳам аз сангрезаҳо омода шудааст. Дигар ягон паррандаи дунё чунин ҳунар надорад. Охир парасту чунон лона месозад, ки аз дари лона ғайр аз худаш ягон хазанда ё парандаи дигар даромада наметавонад.
… Акнун пиру кампир, ки то ин дам бепарво буд, бо ҳавас ба равуои ҷуфти парасту наззора доштанд. Ҳавои тозаи баҳорӣ ба димоғ бӯи муаттари гулҳоро меовард. Пир дилпур гашт, ки имсол ҷуфти парасту дар ҳавлии онҳо чӯҷа мебароранд. Аз ин хаёл қалби пир ором гашт. Дигар ҷуфти парасту аз чизе бим надоштанд. Онҳо гоҳ як дона хас, гоҳ ришта ва гоҳе наск барин лой дар минқор дохили кунҷи айвон мешуданд…

ҶАРИ ГОВКУШ

Саиди шикорчӣ аллакай аз деҳа хеле дур рафта буд, ҳар замон гашташро тез карда беруни ҳис буд, ки аз атроф бӯи хунукӣ, бӯи барфу борон меояд. Шамоли тунде вазида, хору буттаҳои нав аз барф озодшударо меларзонд. Аз ҷойҳои барфхеста шир-шири ҷӯйчаҳои об ба гӯш мерасид.
Болотар пуштакӯҳҳо пур аз барф буданд. Аз поин боло нигариста шикорчии пир завқ бурд. Худро боз хушбахту

пешина
аз 193
навбатӣ