Аз пайи паланг

ГУРГИ ПОХӮРДА
Модагург гушнагиашро фаромӯш карда буд. Яккафарёди бачаҳои интизор, гушнаву зор дар гӯшаш якзайл садо медоданд. Ӯ хаёле медид, ки чӣ тавр онҳо бо ҷуссаҳои хурдакаки худ имдодталабона роҳи модар мепоянд. Модагург гоҳе дар нимароҳ истода, ба атроф гӯш медод. Заминро бӯй кашида, чизе меҷуст. Хомӯшии тӯлонӣ ба дилаш ваҳм меандохт, ки боз ҷаста бо шаст пеш медавид. Барои дарёфти ризқи бачаҳояш худро ба чор тараф мезад, мехост ҳарчи тезтар тӯъмае ба даст орад. Табиати дилфиреби кӯҳистон ғарқи нур буд. Панҷаҳои нарми хуршед талу пуштаҳоро навозиш дошт. Аммо дирӯз қасд кардагӣ барин подаҷоҳо холӣ буданд. Дар атроф чизе наменамуд.
Чашмони оташбораш амсоли барқ медурахшиданд.
Нигоҳаш чор тарафро мепалмосид. На аз пода нишоне меёфту на аз хазандаю чарандае ва боз ноумедона ба пеш медавид. Аз дуриҳо нолаю фарёди ҷигарбандонаш пардаи дилашро меларзонд.
Абри сиёҳ домани тира ба рӯи осмон паҳн карду боди сахт хест. Ба ҳамлаи тундбод шоху панҷаҳои ниҳолон тоб наоварда, нолишкунон мешикастанд. Гурги пир бадбахтиро эҳсос карда, бо алам ба осмони ғуборолуд менигарист. Маҳзунона шитоб дошт. Борон шиддат мегирифт. Донаҳои борон ба сару рӯи гург бархӯрда, амсоли ашки сӯзоне қалбашро ба дард меоварданд. Роҳҳои пурлою об акнун гашташро суст мекард. Гурги пир ба шикоргоҳи дирӯза бо азоб наздик мешуд, ки яке пояш ба оҳане бархӯрда, садои сахте қалбашро гӯё пора кард. Пои росташ миёни доми оҳанин маҷақ шуда буд. Тамоми вуҷудаш ба сӯзиш даромад. Гурге, ки лаҳзае пештар дар фикри тӯъма буд, ба худ мепечид. Доми оҳанин, ки бо занҷири калоне пайваста буд, пояшро гӯё ба коми худ фурӯ мебурд, гурги пир ёрои онро ҷунбондан надошт. Аз зону поён ғарқоби хун буд.
Борон ҳеҷ майли мондан надошт.
Боз пеши назараш гургбачаҳои гушнааш ҳувайдо мешуду аз банди ҷигар нӯла мекашид. Беҳуш мешуд, чашмонаш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё