Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

рифи кабкбоз касеро намедид, ҳушу ёдаш ба ҷисми беҷони кабки дӯстдоштааш буду халос. Шариф қудрати ба чашмони кабки беҷон нигоҳ карданро надошт. Нигоҳи кабки мурда хаёле ин марди кабкбозро таъқиб дошт...

ГАҲВОРАҶУНБОН

Дар иҳотаи табиат будан,дидану бо он гуфтугӯ кардан хушбахтӣ аст.
Л.Толстой

Нимаҳои тамузи тобистон ҳаво хеле гарм омад. Аз гармии зиёд акнун имкони пойлуч гаштан набуд. Аммо дар рӯи ҳавлӣ кӯдакон даву ғеҷ доштанд. Бобои Рауф, ки дар хона истироҳат мекард, ниҳоят бетоқат шуда берун баромад.
Ҳарчанд дар ҷои салқину офтобпаноҳ бошад ҳам, яктаки сафедаш аз арақ тар буд. Хусусан, бозувону шонаҳояш.
Вай дилу бедилон ба атроф ва бозии кӯдакон назар карда, хост чизе гӯяду танбеҳашон диҳад, то ин қадар мағал накунанд. Вале аз раъяш гашт. Пас, рӯи нимкати сояи тути калони ҳавлӣ якпаҳлӯ дароз кашид. Зери лаб худ ба худ ғур-ғур намуд: «Майлаш, мо ҳам дар вақташ ана ҳамин хел қайсару гапнодаро будем. Акнун навбати ҳаминҳо…» Бобои Рауф хост каме хоб равад, дам гирад, ки яке садои доду фарёди бачаҳо баланд шуд. Ин дафъа фарёду фиғони онҳо сахт ва имдодталабона буд. Вай як қад парида аз ҷояш хест. Дид, ки бачаҳо дар гӯшаи ҳавлӣ ҷамъ омада, мори калонеро, ки мехост ба катаки мурғ наздик шавад, сангборон мекарданд.
Сангҳо ба сари мор намерасиданд. Бобои Рауф назди бачаҳо омада ҳайрон-ҳайрон ба мор нигоҳ кард. Алҳол чӣ кор карданашро намедонист,ё наметавонист сари андешаи аниқе биёяд. Мор бошад, фашшосзанон забончаашро нишон медод. Таҳдид мекард. Ба дили бачаҳо ваҳм меандохт. Касе қудрати пеш рафтан надошт. Бобои Рауф ҳам гӯё ба сеҳру ҷоду афтода бошад, дар ҷояш мехкӯб шуда буд. Ӯ ниҳоят санги калонеро ба даст гирифт.

пешина
аз 193
навбатӣ