Аз пайи паланг

чӯпон дошт, нагузошт бероҳа шавад. Ӯ аз паҳлӯи чӯпон мерафту майнаи сагонааш беист кор мекард. Барои саг муаммо буд, ки ҷангал хароб мешаваду чашмаҳо хушк. Аммо аз ҳамаи ин одамизодро парвое нест. Ё шояд дигарон низ мисли соҳиби ӯ – чӯпони пир бошанду ба зоти ҷонварони олам қирон оварданӣ бошанд. Чаро одамон илоҷи ҳамаи чизро ёфтаанду илоҷи нафсро не? Ҳамаи ин фикрҳо ӯро боз сари чӯпон мебурд. Чаро чӯпон ӯро дӯст медораду дигар ҷонваронро не?
Ҳатто дӯстдории чӯпон нисбати гӯсфандон рӯякист.
Саг нағз медонад, ки чӯпони пир барои нафсаш шуда, даҳҳо гӯсфандонро қурбон намудааст.
Аҷаби саг меояд, ки ба ёди чӯпони пир на хонавода мерасаду на зиндагӣ. Дар фикру зикраш танҳо гӯшту пӯст асту халос.
Чӣ қадар ӯ пӯсту рӯған фурӯхт. Аз зиндагӣ ӯ чӣ мехоҳад. Наход ба табиату ҷангалистони бобоӣ раҳмаш наояд. Саги зирак майнааш гиҷу вайрон нӯла мекашид. Сар ба пуштаҳо мезад.
Аз ночорӣ намедонист куҷо равад. Дар ин роҳ ба ӯ хулқи аҷдодӣ, хӯи сагона монеъ мешуду халос.
Ӯ аз ин тарзи зиндагӣ дилгир шуда буду роҳи халосӣ меҷуст. Мехост бо ҳамҷинсони худ бошад, ишқ варзад, озодона сайру гашт намояд.
Ин зимистон, ки гӯё барои чӯпони пир соли охираш буд, чарогоҳ ба вайрона табдил ёфт. Дар пеши назари саг тамоми ҷонзоди ин кӯҳу дара қир шуд.
Чӯпони пир ҳамарӯза ба шикор машғул буд. Дар ин макон бузу нахчир нест шуд. Харгӯшу хукҳои ёбоӣ аз тарси ҷон ин диёрро батамом тарк карданд. Дар ин макони як вақтҳо обод танҳо чӯпони пир, саг ва гӯсфандонаш монда буду халос. Акнун қақраи кабк танҳо ягон-ягон аз дуриҳо ба гӯш мерасид...
Баъди чанд рӯз, ҳине ки шасти барфу тундбод андаке гашт, чӯпони пир боз ба шикор баромад. Ин дафъа ӯ қаторвазнаашро пури тир намуда, сагро ҳамроҳ гирифт. Чӯпони пир огоҳ буд, ки аз чарогоҳ болотар лонаи гургҳост.
Ба ин макон расам-нарасам, ки яке аз рӯ ба рӯи чӯпони пир чор-панҷ гург баромад. Чӯпон ба саги вафодораш имо кард.
Саг бо амри соҳибаш ночор ба галаи гургон дарафтод. Ҷанги шадиде шуд байни онҳо. Бо дандонҳои тез бераҳмона якди-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё