Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

мелесид. Барф дар пашми танаш қирав баста буд. Дар нимароҳ, канори пистаи шикаста нишаста, чӯпони пир гӯш ба қимор шуду даррав камонашро рост кард. Саг дид, ки бузи кӯҳие хиромон кӯталро гузаштанист. Саг фаҳм кард, ки ҷонвар ҷониби чашма равон аст. Ташнаи об мондааст, саг ноилоҷ монд. Аз чӣ бошад ки вақтҳои охир аз ин гуна шикору пӯстканиҳои соҳибаш нафраташ меояд. Даме ки чӯпони пир ҷонвареро мекушад, саг беқарор мешавад.
Дандонҳои ашкашро ба ҳам совида номаълум аз ӯ дур меравад. То ин ваҳшониятро набинад...
Садои ногаҳонии тир баланд шуду гӯшҳои саг қулф заданд.
Дар фазои дашт ғулғулае аксандоз гашту саг боз оромиашро аз даст дод. Бо имои чӯпони пир дар як мижа задан ҷониби сайд хез зад. Саги босалобат, ки ба нигоҳи бадхашми вай на ҳар ҷонвар, ҳатто одамизод тоб оварда наметавонист, танҳо дами ба назди бузи кӯҳии захмин расиданаш осуда гашт. Бузи кӯҳӣ аз ҷояш хестанӣ мешуд. Вале наметавонист. Аз гардану тани захминаш хун беист мешорид. Бузи кӯҳӣ нигоҳи имдодҷӯёнаашро аз саг намеканд. Аз тарсу дарди чонкоҳи ҷои тир тамоми аъзои баданаш меларзид. Саг гарданашро ёзонда нӯлаи бадарде кашиду худро ба тӯдаи барф фиканд. Ӯ бо ҳазор рӯ дар барф ғел мезад, сарашро зери барф карда нӯлаи дардолуде мекашид. Чӯпони пир ҳиҷ намефаҳмид, ки ба сагаш чӣ ҳодисае рух додааст. Ӯ сагро нодону ҳайвони бешуур пиндошта, хаёл кард, ки сагашро хумори бозӣ гирифтааст...
Даме ки чӯпони пир ба бузи кӯҳӣ расида корд ба гулӯи ҷонвар монд, ҳаракати пойҳои ӯ батамом қатъ шуданд, пайкараш аз тапиш монд.
Саг акнун аз кордзанию хунрезии соҳибаш чашм намеканд.
Ин ҷасади оғуштаи хун, аз чӣ бошад, дарду алами сагро дучанд намуд. Ба назари саг намуд, ки ба соҳибаш – чӯпони пир шайтон ёр шудаасту акнун ӯ ором намегирад, то охирин ҷонвари ин диёрро нест мекунад. Ҳине ки саг ҷасади бузи кӯҳиро бо чана кашида ба сӯи қӯтан мебурд, ҷисмаш дар кӯраи оташ месӯхт. Банди чанаро хоида оби даҳонашро базӯр фурӯ мебурд. Чанд бор ният кард, ки ҷасади беҷони бузи кӯҳиро ба ҷарие ҳаво диҳад, вале аз раъяш гашт. Меҳри сагонае, ки ба

пешина
аз 193
навбатӣ