Аз пайи паланг

Садои тир ҳама ҷоро фаро гирифт. Гавазн бо чашмони лабрези меҳр ба Саид нигарист, сипас сари зону нишаст, пиндор ба мӯсафед таъзим кард ва саранҷом ба паҳлӯ зад. Аз ҷои фурӯрафтаи тир хун фаввора мезад, рӯи рустаниҳои тару хушк менишаст ва ноаён дар дили хок мерафт. Чанде пас дили гавазн аз задан бозмонд, ки рафтани хун хотима ёфт, сукуте сангин рӯи ҷангалистону шонаи кӯҳу пуштаҳо нишаст. Ба Саид чунин намуд, ки зиндагӣ ба поён омад, овозҳо ба жарфное бетаг фурӯ рафтанд. Вай сари по нишаст, сарашро миёни ду даст овард ва фарёд зад.
Фиғони ҷангалбони пир дар дили кӯҳҳо акс гашта то ба дуриҳо рафт. Ҳангоме ки Ҷамол ҳаросон омад, мӯсафед бо ҳасрат гуфт:
– Дер кардӣ…
– Ҳеҷ гумон надоштам, ки дар Зелолаки ором низ рӯзе шикор мекунанд. Ин кори Носиру ҳамроҳонаш аст, щубҳа надорам. Бояд онҳоро даст гирем.
Мӯйсафед чашмони нимвои гавазнро пӯшида, пойҳояшро ҷамъ кард. Ғиҷовак гулӯгираш кард. Ҷамол ба сӯе, ки мӯсафед пайи поро дидаву ишора карда буд, давид. Саид танҳо монд. Ӯ намедонист чӣ кор кунад. Болои сари гавазн мотам дошт. Ин дам сояҳои домани кӯҳи Фурӯш хаёле атрофро печонданд. Аз қаъри дара шамоли сард дамид, атроф ба сукути асрорангезе фурӯ рафт.
Носири гарданкаҷ аз барор гирифтани шикораш хурсанд буд. Ӯ кай медонист шоҳгавазнро кушта буд. Камон сари китф миёни арчаҳо паноҳ бурда, мӯйсафеду шогирдашро назора мекард. Ба тапу талоши онҳо зеҳн монда худ ба худ механдид:
«Мӯйсафеди якрав, ҷазоятро бин, пеши роҳамро гирифтӣ, акнун кофта гард. Дар ду дунё намеёбӣ маро!» Носир борхалтаашро кушода чанд бурида гӯшту нон бароварда пешаш гузошт. Баъд шишаи шаробро кушода пиёларо пур кард.
Заҳрханд зад, сипас навдаҳои арчаро яктарафа карда дид, ки Саиду Ҷамол ҳанӯз миёни ҷангал равуо доранд. «Аблаҳҳо, фикр мекунанд, ҷангал моли падарашон аст. Кобед, кобед.
Агар Худо раҳматона хӯрад, меёбед Носира».
Баъди нӯшидани арақ як бурида гӯштро фурӯ бурд, роҳат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё