Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

АЗ ПАЙИ ПАЛАНГ

Паланги пир рӯ ҷониби кӯҳҳои баланди барфпӯш бо шаст ҳаракат дошт. Ӯ ончунон моҳирона аз болои санге ба санги дигаре меҷаҳид, ки дар ҳайрат меафтодӣ. Ин часпу талош, нигоҳи андешаманди паланги пирро ҷигарбандаш – паланги ҷавони сермӯй мушоҳида мекард. Паланги ҷавон аз он рӯз, ки худро шинохтааст, ҳамин кӯҳҳои барфпӯшро дидаасту ҷонвари зӯрманду нотарсро. Дар миёни ин солҳо ӯ аз модараш ҳама неку бади дунёро омӯхт. Фаҳмид, ки аҷдодаш чӣ гуна умр ба сар бурдааст. Паланг аввалҳо аз ҳамаи ин ифтихор дошт. Ҳар гоҳ ки дар ин бора фикр мекард, қалбаш ба туғён меомад, меболид, ки дар ин дашту даман, миёни кӯҳсорон аз паланг дида ҳайвони нирӯманде нест.
Он вақтҳо ӯ танҳо худашро медиду модараш – паланги пир ва атрофи барфпӯшро. Ҳар гоҳе ки паланги пир сайдеро ба пеши пои ҷигарбандаш мепартофту баъд ӯ онро медаронду мехӯрд, паланги навча хаёле аз хеш бегона мегашт. Гӯшти тозаю ҳавои кӯҳӣ ба тани нозукаш ҳаловат мебахшид. Паланги пир рӯзҳои аввал ҳиҷ намехост, ки фарзандаш ба шикор барояд. Гӯё пешакӣ аз хавфу хатаре бим дошт. Балки аз одамизод метарсид. Вале дар ин айём паланг кай медонист, ки модараш чӣ сиру савдое ниҳон дорад. Балки ӯ бо дили пур аз орзую ҳавас мехост ҳарчи тезтар ба шикори ҳақиқӣ барояд.
Нохунҳои ин палангак акнун шакл гирифта, пеши синааш барҷастаю панҷаҳояш кашида мешуданд. Ӯ ҳини танҳо мондан аз хонааш хеле дур шуда ба сайри кӯҳу дараҳои баландтар баромадан мехост. Атрофи сап-сафеду зебои кӯҳистон ҳиссиёташро бедор карда, ба танаш ҳаловат мебахшид. Шилдироси чашмаҳои зулоли кӯҳӣ, хониши кабкони дарӣ ӯро ҳамоно ба сӯи дашту ҳомун, ба дуриҳо даъват мекарданд...
Паланги пир ҳамаи инро фаҳмида ночор ҷигарбандашро бо худ бурд. Акнун палангак нахустин маротиба бо модараш – ин паланги пире, ки ҳокими ин кӯҳистон гашта буд, ба шикори калон баромад. Дар миёни кӯҳҳои барфпӯш аз ин паланги кӯҳӣ дида ҳайвони бузурге набуд. Тундбоди барфолуд нафасе ором

пешина
аз 193
навбатӣ