Аз пайи паланг

Рӯзи дигар алибоҷ боз болои хаймаи тилокорон пайдо шуду ба тааҷҷуб омад. Касе дар атроф наменамуд. Фаҳмид, ки дигар онҳо тилоро аз таги замин ҷӯё намешаванд, балки осонакак ёфтанианд.
Яке нигоҳаш ба ҷисми ғарқоби хоку хуни Азизбой афтоду дилаш ба ҳоли одамизод сӯхт. Ҳеҷ намефаҳмид, ки ёронаш ӯро барои ҳамон тангаҳои тило куштаанд. Алибоҷ ба ҳаво хеста атрофро назора кард. Дуртар, хеле дуртар миёнаҷои дараи серрегу санг ҷасади се нафари дигар ҳам мехобид. Алибоҷ поён фаромада ба мурдаҳои бесоҳиби одамизод тангаҳои пошхӯрдаи паҳлӯяшон дуру дароз нигоҳ кард. Чашмони ҳарису даҳони вози одамӣ аламашро овард. Афсӯс хӯрд, ки одамизод оқибат ба дасти худаш кушта гардид. Дарк кард, ки дар паҳнои як дараи зебо, миёни кӯҳҳои осмонӣ дигар ҳаёт маъние надорад...
Ӯ ба ёд овард замонеро, ки чашмаҳо хушкида, боғҳо харобу валангор шуда буданд ва аз пайи қадами одамони нопок оқибат кӯҳҳо фурӯ рафта буданд. Он заминҷунбиро ба хотир оварду ба танаш раъша давид. Он замон кӯҳҳо чаппагардон шуда, ба ҷои оби чашмаҳо аз миёнаи кӯҳҳо хун ҷорӣ гашт. Зоғу заған, парандаю чаранда он диёрро тарк гуфтанд. Кадоме ки ҷон ба саломат бурд, мавзеи дигарро ватани худ интихоб кард.
... Алибоҷ ҳам наҳсӣ, пешомади бадеро ҳис карда ба парвоз омад. Ӯ қанотҳояшро кушода хеле давр зад, болои кӯҳҳои шиносу дилбандаш хаёле сайр кард. Гӯӣ, бо ин макон, зодгоҳаш, айёми бачагиҳош видоъ кард. Алибоҷ мехост чун охирин нишонаи ин макон – аз ин мавзеъ, ки як вақтҳо шоҳиди шикору барорҳо, нокомиву зафарҳош буд, баромада равад. Ӯ бо дили ҳазину қалби шикаста, оқибат баланд парвоз карда, хост охирин кӯҳҳоро гузашта, ватанашро батамом тарк созад.
... Даме ки вопасин нигоҳашро ба поён дӯхт, дилаш таҳ кашид. Дигар имкони ба замин, макони шиносу азизаш нигоҳ карданро наёфт. Тири ҷонсӯзе ҷисми афгорашро лахт-лахт кард. Чашмаш ба сайёд, баъд ба замин афтоду сарозер шуд.
Хост мувозинаташро гум накунаду худашро ба даст гирад, аммо ҳайҳот, ҷисмаш торафт карахту беҳис мешуд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё