Зеҳн
Аз пайи паланг

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 193 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

кардан мехоҳад. Саид бояд тасдиқ кунад, ки воқеан ин поразамин хушк ва бе долу дарахт аст.
– Бобои Саид, шуморо ҳамчун ҷангалбони куҳансолу собиқадор даъват кардем, ки маслиҳат пурсем. Ҳоло ҳама ҷоро бӯҳрони иқтисодӣ фаро гирифтааст. Вақти он аст, ки аз замин босамар истифода барем. Қарор шуд, панҷ гектари қитъаи Зелоли болоро ба акаи Носир диҳем.
– Чаро маҳз ин қитъаи ҷангалро, – ранҷидахотир гуфт мӯйсафед.
Раис ҳуҷҷатҳоро варақ зад.
– Ин ҷо омадааст, ки ин қитъа беобу санглох буда, ниҳолонаш саросар хушк шудаанд.
Мӯйсафед аз ҷояш нимхез шуд:
– Ӯҳ беимоне, аз Худо наметарсад. Ин қитъаи сарсабзу хуррам аст. Пур аз парандаву чаранда. Магар шумо рамаро ба дасти гург месупоред?
Раисро нохост ҳол дигар шуд:
– Шунида будам, ки шумо сахт гарданшаху якравед, аммо гумон надоштам, ки гӯлу нодон ҳам ҳастед. Мулки Худо васеъ аст, агар як пора замина Носир гираду обод кунад ва ба ивазаш ба шумо низ чизе диҳад, магар бад аст? Ҳоло замони иқтисоди бозаргонӣ аст, дигар давлат ошу нон намедиҳад, худатон бояд рӯзиатонро ёбед…
Саид давоми сухани ӯро нашунид:
– Ман намефаҳмам шумо аз кадом иқтисоду аз кадом бозаргон мегӯед, вале медонам, ки Носир каси ноинсоф ва ҳаромкору ҳаромхӯр аст, ман ба чунин одамон салом карданро ҳайф медонам. Ризқамро то имрӯз Худо расонд, иншооллоҳ, аз ин пас низ мерасонад. Ва агар ба Носир додан ё надодани ун замин вобаста ба ман бошад, қотеъона «не» мегӯям.
Шояд раис чунин ранг гирифтани сӯҳбатро интизор набуд, ки даступоча шуд. Дида мешуд, ки бори нахуст бо ӯ чунин муносибат мекунанд, суханашро рад месозанд, аз мансабу ҷоҳаш намеандешанд. Рафтори Саид ба иззати нафсаш сахт расидаву мувозинати танашро вайрон карда буд, намедонист чӣ гӯяду чӣ кунад. Аламаш мекард, ки як мӯйсафеди саҳрогард сархамаш кард. Оромӣ дар дафтари кор вазнину

пешина
аз 193
навбатӣ