Зеҳн
ДЕВ ДАРАХТ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 19 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

– Ҳеҷ кас барнагашт. Акнун ҳама умедам ба ту. Иншоаллоҳ, сарбаланд меойӣ, хабари хуш меорӣ ва халқи моро аз банди ғаму андўҳи чандинсола мераҳонӣ!
Асли воқеа чуни наст: чанд сол пеш яке аз вазирони донишманди подшоҳ ба шикор рафта, бедарак шуд. Ҳеҷ кас хабар надошт, ки ў куҷо рафту чӣ ҳодиса рўй дод. Албатта, подшоҳ ба суроғи вазир кас фиристод. Бадбахтиро бинед, ки ў ҳам барнагшт. Баъдтар боз чанд ҷавонмард ба ҷустуҷў рафтанд. Вале онҳо ҳам бедарак шуданд.
Подшоҳ ба чоҳи дарду ғам афтод ва аз тоифаи ҷавонмардони асили кишвар ҳар замон чанд танро барои пайдо карда овардани гумшудагон фиристодан гирифт.
– Агар шумо хабари зинда ё мурда будани онҳоро ҳам биёред, сарам ба осмон мерасад, – мегуфт вай ҷавонмардонро ба сафари дурру пурхатар гусел карда.
Аммо ҳеҷ кас барнагашт ва ба зудӣ мусибат ба ҳар хонадон сар даровард. Аз ҳар манзил падаре, додаре, шавҳаре, бародаре гумном шуд.
Ҳакимшоҳ қавл дод, ки асрори ин муамморо кушода, зиндаю мурда будани гумшудагонро фаҳмида бармегардад.
Хурсанд шуд подшоҳ. Ҳакимшоҳро се рўз меҳмондорӣ кард, баъд аспу тўшаи роҳ дода, ба ин тараф гуселонд.

пешина
аз 19
навбатӣ