АХТАРОНИ АДАБ

Он ҷо як ҷавони чӯпоннамо рӯйи харсанге нишаста буду худ ба худ таронаеро замзама мекард. Дар наздикаш даҳ–дувоздаҳ сар аспи ишкел ба пой мечархид. Мусофири мо ба ҳамдамеву ҳамсуҳбате пазмон, ки шуда буд, ҷавони ношиносро ба нону талқон муроот кард, ҷавон ба зиёфати ӯ майл нанамуд, вале монеъ нашуд, ки Восеъ бо ӯ ҳамгап шавад.
– Дарвозӣ мешӣ, бача? – пурсид ӯ, зеро аз лаҳҷаи таронахонии ҷавон дарвозӣ буданаш маълум мегардид.
– Ёфтӣ, – ҷавоб дод ҷавон.
– Аспони киро мепойӣ?
– Аспони худамро не, албатта.
– Аз они хӯҷаинро?
– Наёфтӣ, ошно.
– Чаро?
– Аспҳо аз они меҳмони хӯҷаинум–ай.
– Меҳмони хӯҷаинат одами бадавлат будааст. Ӯ кист?
– Меҳмона пурсӣ, ошно, ай Қубодиёнай, бойи калонай, аспуш таллонай, Бухоро равонай, – ба ногоҳ ҷавоби қофиядор дода Восеъро ба завқ овард ҷавон.
Аз пурсу посухи баъдина маълум шуд, ки ин ҷавон саиси амини бозори Янгибозор ва меҳмони хӯҷаинаш як нафар амалдори қубодиёнӣ буда, аспҳояшро ба Бухоро бурда истода будааст. Бой дар Қубодиён чӯпонеро ба галабонии аспҳо дар роҳи сафари Бухоро киро карда бошад ҳам, чӯпон шабона дар мавзеи Лақайбегӣ як аспи нағзи хӯҷаинашро дуздида ба тарафи номаълуме гурехта пинҳон шудааст. Акнун соҳиби аспҳо мехоҳад дар ин ҷо ба воситаи ошнояш амини Янгибозор ба худ ягон галабони дигари дилпур пайдо кунад.
– Маро ба галабонӣ мегирифта бошад? – пурсид Восеъ.
– Ман ҳам ба тарафи Бухоро равонам.
– Ман чӣ донам, – гуфт саиси амин, – агар хоҳӣ бирав ба пеши хӯҷаини ман; бойро бубин, гап бизан.
Восеъ фикр кард, ки воқеан ҳам агар бои қубодиёнӣ ӯро дар ин роҳи сафар ба галабонӣ қабул мекард, бад намешуд – ҳарчи роҳхарҷии ӯ мебаромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё