Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аммо ҳозир вазъият номусоид буд– халқ ҳама назари таваҷҷуҳ ба тарафи ҷавону духтар ва чашми додхоҳӣ ба ҷанобони амлокдору қозӣ дӯхта буданд.
Абдуррасул яқин кард, ки агар ҳозир дар худи ҳамон ҷо корро ба фоидаи Восеъ ва Аноргул яктарафа накунад, ин мардум метавонанд ба ягон муллои дигар ақди никоҳи онҳоро бандонанд ва он гоҳ ӯ нафратзада ва ангуштнамои мардум шуда мемонад. Қозӣ ҳамин мулоҳизаро ба дил гузаронида гуфт:
– Дарвоқеъ, духтар бо ҷавон бо ризояти худаш, бо мақсади зану шӯйи шаръӣ шудан гурехтагӣ... Никоҳашон ба шариат ҳалол...
– Ҳалол!.. Ҳалол!... Никоҳ кунед, тақсир!.. Ҳамаамон гувоҳ мешавем!.. – Ин овозҳои пурғалоғула сухани қозиро буриданд.
Бо амри амлокдор навкарон дасти Восеъро кушоданд.
Назир зуд ҷомаашро кашида ба китфи ӯ партофт.
Қозӣ аз Наимшоҳ пурсид:
– Ба издивоҷи духтарат бо ин ҷавон розӣ ҳастӣ?
Наимшоҳ ки бо рӯйи хира, дармондаву хомӯш истода буд, ба замин нигоҳ кард. Аз афти кор, ӯ дар муқобили ин ҳама тарафдорӣ ва ҳусни таваҷҷуҳи мардум нисбат ба Восеъ ва Аноргул ёрои сухан гуфтану эътироз кардан надошт.
– Розӣ шав!.. Розӣ шав!... – хитоб карданд мардум ба ӯ.
– Хуб, сукут аломати розист, – хулоса баровард қозӣ ва фармуд: – Як коса об биёред.
Шахсе аз хонае косаи сафолро об пур карда овард.
Қозӣ рӯйи санге нишасту косаи обро пеши худ гузошта Восеъ ва Аноргулро ба наздики худ талабиду ба хондани хутбаи никоҳ сар кард...
Мардум гирди арӯсу домодро гирифта «Муборак бошад! Муборак бошад!» гӯён изҳори хушнудӣ менамуданд.
Занон пешонӣ, даст ва домани Аноргулро бӯсида, ба кушоиши бахти ӯ шодӣ мекарданд ва баъзе аз шодӣ мегиристанд.

пешина
аз 471
навбатӣ