Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Ҳайронам занак, чӣ кор кунам?
– Бирав охир, калонҳоро бубин, гап бизан. Духтар
1 қадрас бошад, ҷавон гирими ӯ бошад, боз чӣ? Падараш ӯро асло шӯ доданӣ нест чӣ? Ё бадномии духтарашро мехоҳад?
– Дар ин бевақтии шаб ман пеши кадом калоншаванда меравам? – навмедона гуфт Назир. – То ман боз ба Шаҳидон меравам, ки ҳамаашон хоб мекунанд.
Заррагул гуфт:
– Набошад, саҳар бирав, намози бомдодро дар Шаҳидон бихон. Калонҳо ба намоз ки омаданд, мебинишон.
Ин маслиҳат ба Назир маъқул афтод. Ӯ саҳари барвақт ба деҳаи Шаҳидон рафта намози бомдодро дар масҷиди калони воқеъ дар рӯ ба рӯйи амлокдорхона хонд. Дар масҷид амлокдор, қозӣ ва миршаб низ ҳозир буданд.
Наимшоҳ ҳам буд. Баъди намоз Назир ҳамроҳи ҷамоат баромада дар саҳни масҷид ба калонҳо салом дода гап заданӣ буд, ки ба ногоҳ аз як хонаи пастаки назди амлокдорхона ду навкари чӯбдор (ба дасти ҳар кадомашон чӯби дароз) се марди хоколуди даст бар пушт баста, чашму рӯҳошон варамкарда ва сару либосашон даридаро бароварданд. Яке аз онҳо Восеъ буд.
Бандиҳоро Балҷувон мебурданд. Навкарон онҳоро пешандоз карда аз байни мардуми тамошобин ва ҷамоати аз намоз баромада мегузарониданд, ки ногаҳон як занаки ҷомабасар аз кадом ҷое пайдо шуда омада гирёну нолон худро ба Восеъ зад ва бо ду даст домани ӯро маҳкам гирифта фарёд кашид, ки:
– Илоҳӣ хонаи золим сӯзад! Мо бо ин ҷавон гиримем, ман худам ӯро хостам! Ӯ гуноҳ надорад, озодаш кунед!
Мардум дар ҳайрат монданд: онҳо чунин воқеаро ҳеҷ надида буданд. Навкарон ҳам даступо гум карда чӣ кор карданашонро намедонистанд.

. Гирим – дар шеваи кӯҳистон – хостгори гирифтан ба занӣ.

пешина
аз 471
навбатӣ