АХТАРОНИ АДАБ

– Куҷо меравӣ?–бесаранҷом шуда аз қафои ӯ баромад зани саройбон.
– Лаби об меравам, дасту рӯй мешӯям, – ба пасаш нигоҳ накарда ҷавоб дод Аноргул.
Ӯ ба лаби оби Булуғрӣ, ки дар поёни деҳа ҷорист, рафт.
Дар соҳили дигари Булуғрӣ деҳаи Афардӣ воқеъ аст. Об он қадар чуқур нест. Аноргул аз санг ба санг ҷаҳида аз об ба осонӣ гузашт. Ба шитобу ҷадал ба хонаи Назир, ки дар боло ба лаби ҷарӣ намудор буд, равон шуд.
– Аноргул?.. Чӣ гап?–аз камоли тааҷҷуби хавотиромез саломуалайкро ҳам фаромӯш карда пурсид Назир, вақте ки духтар ба ногоҳ аз дари ӯ намоён гашт.
– Акаи Назир, дар поятон бимирам, – гӯён Аноргул гириста ба гап даромада, фоҷиаи онрӯзаи худаш ва Восеъро баён кард.
– Э дареғ, э дареғ! – аз таҳи дил ғамгин шуда надомат кард Назир.
– Садқаи номатон шавам, акаи Назир, ба доди мо бирасед, ягон илоҷ ёбеду Восеъро халос кунед! – зорӣ мекард Аноргул. – Агар ӯ ба зиндон ғалтад, дигар аз он ҷо халос шуда баромада наметавонад, нобуд мешавад!
Соҳибхонаҳо–зану шӯй ҳар қадар, ки тавонистанд, духтаракро тасаллӣ дода каме ором карданд. Занак ба пеши ӯ нон ва ҷурғот гузошт, аммо ӯ ба нон даст ҳам нарасонд, ҳозир аз гулӯяш об ҳам намегузашт.
Назир фикр карда истода пурсид:
– Падарат дар корвонсарой аст?
– Ҳов, дар корвонсарой.
– Ту ҳозир ба хонаи саройбон баргард, – гуфт ӯ ба Аноргул. – Ман ҳам аз паси ту меравам, падаратро ёфта гап мезанам.
Назир вақти гандумдарав боре ба Балҷувон рафта додархондашро суроғ карда, ӯро ҳамроҳи падараш дар сари дарави ғаллаи Муъминҷонбой ёфта буд; чун Наимшоҳ низ ҳамроҳи онон даравгарӣ мекард, мерган дар он ҷо бо вай ҳам шиносо шуда буд. Бинобар ин вай он бегоҳ Наимшоҳро дар корвонсарои Шаҳидон дида, бо ӯ ҳамчун шинос вохӯрӣ кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё