АХТАРОНИ АДАБ

Номбурда бар он аст, ки: «Меъёри асосие, ки тавассути он мо романи «Фирдавсӣ»-и С. Улуғзодаро ба романи филологӣ мутааллиқ донистем, ин аст: қаҳрамони асосӣ – филолог; асоси сужет – касби вай; ҷараёни эҷодиро нависанда, муҳаққиқи суханшинос дар алоқамандии эҷоди бадеӣ ва ҷустуҷӯҳои илмӣ ба таҳлилу таҳқиқ гирифтааст» [146, 26].
Аз «Драматургияи Сотим Улуғзода» ном асари Алиҷон Чориев бармеояд, ки нависанда фаъолияти эҷодии худро аз тарҷумаи бадеӣ оғоз намуда, адабиёти тоҷикро бо асарҳои драматургӣ, насрӣ ва публитсистии худ басо ғанӣ гардондааст.
Вале мавқеи адиб дар адабиёти тоҷик, пеш аз ҳама, дар насри таърихӣ ба назар мерасад, ки он таҳлилу таҳқиқи комплексиро тақозо дошта, воситаи муҳимми ошкор сохтани аҳамияти эстетикӣ ва иҷтимоии асарҳои бадеӣ ба шумор меравад. Ҳамин самти фаъолияти эҷодии С. Улуғзода дар асари профессор Усмонҷон Ғаффоров низ мавриди таҳқиқ қарор гирифта, муаррих таъкид мекунад, ки «Сотим Улуғзода дар офаридани асарҳои насрӣ шогирд ва пайрави С. Айнӣ буд ва баъди ӯ насри муосири тоҷикро ба қуллаҳои баланд баровард»
[90,382].
Ҳаёт ва эҷодиёти Сотим Улуғзода минбаъд низ таваҷҷуҳи адабиётшиносони хориҷӣ , пеш аз ҳама, мутахассисони русро ба худ ҷалб намудааст. Баробари ба забони русӣ ба табъ расидани «Навобод» (бо номи «Обновленная земля» дар тарҷумаи А. Тихонова, А. Ефимов, соли 1953), «Ривояти суғдӣ» (бо номи «Согдийская легенда» дар тарҷумаи А. Борщаговский, соли 1987), «Восеъ» (бо номи «Восе» дар тарҷумаи П. Лукнитский, соли 1976) адабиётшиносон ва суханварони Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла В. Попов [173], А. Боршаговский [73] ва «Таърихи адабиёти сермиллати советӣ» [116] ба таҳлилу таҳқиқи осори С. Улуғзода пардохта, ба он баҳои баланд додаанд. Масалан, А. Боршаговский дар сарсухан ба чопи русии повести «Ривояти суғдӣ» гуфтааст: «Тамоми эҷодиёти С.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё