АХТАРОНИ АДАБ

Улуғзодаро дар давраи принсипи таърихият бояд баррасӣ кард… Ӯ бо роҳи норӯшану душвор равон гардида, ҳар чизи имконпазирро бо як тасвири ҷонбахшу воқеӣ ба қалам медиҳад, ки ин ҳама тасвирҳо ифодагари воқеият ва рӯҳу равони мардум буда, образҳои барҷастаро рӯйи кор овардааст» [73, 4].
Аз «Сотим Улуғзода» ном мақолаҳои И. С. Брагинский [74] ва ҷилди 44-уми китоби бисёрҷилдаи «Большая советская энциклопедия» [71] бармеояд, ки осори ғановатманди ин нависандаи тоҷик ба дигар забонҳои халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қисман тарҷума шуда, мавриди омӯзиш ва баррасии мутахассисону алоқамандон қарор гирифтааст.
Осори С. Улуғзода ҳамчунин ба чанде аз забонҳои халқҳои Аврупо, чун булғорӣ, чехӣ, руминӣ, лаҳистонӣ, олмонӣ, англисӣ, дар шакли китобҳои алоҳида ё порчаҳои интихобӣ ба табъ расидаанд [64].
Оид ба муаррифии зиндагинома ва осори С. Улуғзода дар хориҷи Тоҷикистон мулоҳиза ронда, махсусан хизмати бедареғи мусташриқи барҷастаи чех Иржи Бечкаро қайд кардан лозим мешавад. Номбурда ба китоби «Субҳи ҷавонии мо» тақриз навиштааст. Ҳамчунин, дар асари таҳқиқотии «Адабиёти форсӣ дар Тоҷикистон» [67] оид ба насри С. Улуғзода маълумоти муфид медиҳад. Ин китоб ба чандин забони аврупоӣ ва забони форсӣ тарҷума шудааст ва яке аз асарҳое мебошад, ки С. Улуғзодаро чун нависанда дар Ҷумҳурии Исломии Эрон муаррифӣ кардааст. Баъд аз ба даст омадани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон робитаҳои адабии ҷумҳурии мо ба ҷумҳуриҳои Эрон ва Афғонистон гусутурда гардид ва чи хеле ки аз китобҳои Алиасғари Шеърдӯст «Таърихи адабиёти навини Тоҷикистон» [250], ҷилди якуми «Донишномаи адаби форсӣ» [97] ва мақолаи олим ва шоири Афғонистон Гулпоччои Улфат [115] бармеояд, эҷодиёти С. Улуғзода дар ин мамлакатҳо таваҷҷуҳи мутахассисон ва оммаи хонандагонро ба худ зиёда ҷалб намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё