Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

...Ҷонона, дар ин диёр ҳастӣ ё не?
Бар қавли худат қарор ҳастӣ ё не?

Ин овоз Аноргулро, агар мурда бошад, аз гӯр мехезонд.
Ӯ бо дили тапону рухсораи алвон дар дами дари ҳавлӣ пайдо гардид.
– Аноргул, ассалому алейкум. Рӯз торик ки шуд, ба сангоб, ба таги тути калон биё, – Восеъ инро оҳиста гуфту равон шуд.
Ӯ ба пеши осиёбони ошно рафт. Аспашро аз зину афзор холӣ кард, об дод, тубраи ҷавро ба фуки он овехт, дар ҷӯй дасту рӯйи худро шуста аз ғубори роҳ покиза шуд.
Осиёбон кӯмоч пухта будааст, ҳамроҳи ӯ кӯмочи гарм ва чойи алафинро хӯрд ва баъд аз он ки офтоб дар пушти кӯҳи Қаротегин фурӯ нишаст, хеста ба сангоб шитофт.
Дар он ҷо рӯйи санге нишаста итизорӣ кашид. Фурсате баъд аз баланд шудани овози муаззин, ки азони хуфтанро гуфта буд, Аноргул омад. Дар дасти ӯ кӯзае буд.
– Омад–омадта садқа. Ба Худо, ки туро бисёр пазмон шудам, Аноргул. Биё, ҷойи панаҳтар биравем, – Восеъ аз дасти духтар гирифта, бо ӯ ба пушти харсанги калон гузашт, ҷомаи алочаи абра–астарашро кашида дар таги харсанг паҳн карду Аноргулро ба рӯйи он шинонд.
– Ту маро интизор будӣ ё не, ҷони ширин! – аз паҳлуи духтар ҷой гирифта пурсид Восеъ.
– Росташро гӯям, он қадар интизор набудам. Падарат, ки ноумед рафт, хаёл кардам ту ҳам аз ман умедатро кандӣ, дигар намеойӣ.
Дар лабу чашмони Аноргул ҳамон табассуми малеҳи дилафрӯз, ки ба Восеъ асари сеҳру ҷодуеро дошт, бозӣ мекард. Аноргул шод ва масрур буд, дар айни ҳол чеҳрааш андак шитобу саросемагиро маълум мекард. «Умед аз ту кандан даст аз ҷон шустан аст, ба зиндагӣ видоъ гуфтан аст», – ба дилаш гузаронд Восеъ.
– Шояд, ки худи ту умедатро канда бошӣ? – гуфт ӯ.

пешина
аз 471
навбатӣ