Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Куҷойи он гадобача ба ту маъқул шуд, беҳаё?
Вай ба нохуни пойи ясавулбошӣ ҳам намеарзад!
Дар ин вақт дар меҳмонхона Шакар ба Наимшоҳ мегуфт:
– Ба умед аз роҳи дур омадам, ноумедам накун.
– Савдои хом, – мегуфт Наимшоҳ. – Намешавад. Мардум маро айб мекунанд, ки Наимшоҳ ба духтараш дар мулки Дарвоз шӯ наёфта, ӯро ба як балҷувонии гавсавор дода фиристод.
Наимшоҳ ба ясавулбошӣ ваъдагӣ будани Аноргулро нагуфт, пинҳон кард: ӯ шарм мекард ба ӯ гӯяд, ки духтарашро ба каси зандор доданист.
Восеъро гавсавор номидани Наимшоҳ, агарчи ин як ҳазли оддӣ шуда монда буд ва кӯлобӣ ё балҷувониҳо аз он намеранҷиданд, ба Шакар, ки пирамарди иззатманде буд, нафорид ва қаҳри ӯро овард, аммо ӯ худдорӣ намуд: охир коре, ки ӯ аз пайи он ба ин ҷо омадааст, вазнинӣ ва тамкинро талаб мекунад. Шакар умедвор буд, ки Наимшоҳ охиру охирон хостгории ӯро қабул хоҳад кард. Пирамард дарвозиҳоро масхара кардани худашро фаромӯш карда гуфт:
– Якдигарро масхара кардан кори беақлон аст, Наимшоҳ. Шукр ҳамаи мо, хоҳ балҷувонӣ бошем ва хоҳ дарвозӣ, аз як қавму як дин ҳастем. Чаро мардум айб мекардаанд, магар духтари туро кофир мегирад?
Ба болои ҳамин гап зани Наимшоҳ нону чой дар даст даромада омад. Ӯ аз пушти дар сухани охирини меҳмонро шунида буд, дастархонро паҳн карда истода ба шавҳараш гуфт:
– Отаи Ҳабиб, оё ту ба меҳмон гуфтӣ, ки духтари мо ба каси дигар фотиҳа шудагӣ аст, ё нагуфтӣ?
Наимшоҳ безобита шуд, ба занаш дуздида як нигоҳи ало карду:
– Ин ҳоло таъин нест, – гуфт ва рӯйи хиҷолатомезашро ба Шакар гардонда илова намуд: – Ҳамин тавр, бо як ҷо гапзанон шуда буд... Лекин ҳоло фотиҳа нашудааст...

пешина
аз 471
навбатӣ