АХТАРОНИ АДАБ

Ӯ вақте ки хам мешавад, кокулҳои сиёҳаш ба рӯяш ғелида, гӯё ки он рӯйи зеборо аз чашми номаҳрамон пинҳон медорад.
Чанд рӯзи охир, ҳар гоҳ ки духтарак бо куртаи чити сурхи гулдораш дар гандумпая пайдо мегардад, ҷавон дасту по гум мекунад, дилаш ба тапидан медарояд.
Восеъ ин дафъа қарору оромро аз даст дода, говронаашро партофту ба наздики духтар рафт, хушҳолонаву шӯхона салом дод.
Духтар нигоҳе карду дар ҷавоби саломи ӯ:
– Аз корат намон, бача, – гуфт ва хӯша чидан гирифт.
– Ту духтари, кӣ мешавӣ?–боз бо овози ҳарчи нармтар пурсид Восеъ.
– Духтари отаву очаам.
– Номат чист?
– Ба номам чӣ кор дорӣ?
– Хӯша мечинӣ?
Духтар ба ин пурсиш ҷавоб надод. «Аҷаб саволи аҳмақонае додам»–мулзам шуда ба дил гузаронд Восеъ.
Аммо азбаски ӯ ба ҳар навъе, ки бошад, духтаракро ба гап дароварданӣ буд, боз пурсид:
– Гап задан намехоҳӣ?
– Бирав бо говонат гап зан.
Духтараки сипоҳ бо ин ҷавоби тунди худ қасди аввалини ҷавонро пуч карда бошад ҳам, дилашро сард карда натавонист. Фақат ин ки духтар ба тараддуди рафтан афтоду риштаи гуфтугузори дуяшон чору ночор бурида шуд.
Одатан духтар дастаҳои хӯшаи чидаашро дар наздикии хирман ба зери сада мегузошт ва чоштгоҳ онҳоро бо навдаи тут ё бед баста, ба сараш гирифта сӯйи деҳа равон мегардид.
Дар он деҳа падар ва модарандари ӯ дар хонаи як нафар ошнояшон истиқомат мекарданд. Онҳо дарвозӣ буданд, падараш аз Дарвоз ба Балҷувон барои даравгарӣ омада, занаш ва духтарашро ҳам бо худ оварда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё