АХТАРОНИ АДАБ

Восеъ худи ҳамон бегоҳ, чун аз хирманкӯбӣ фориғ гашт, ҳамчунин ба хӯшачинӣ даромад. То ғуруби офтоб шаш даста хӯша чида онҳоро дар таги коҳ пинҳон карда монд.
Рӯзи дигар духтарак боз омада хӯша чидан гирифт. Се даста хӯшаи чидаашро оварда ба зери сада гузошт ва боз аз пайи чидани саракҳои нав рафт.
Восеъ як дастаи калони хӯшаи худро номаълумак бурда ба болои дастаҳои духтарак гузошт. Духтар омада дид, ки се дастаи ӯ чорто шудааст, ҳайрон шуд, бо нимтабассуми нуктафаҳмона ба сӯйи ҷавон нигоҳе кард, ҷавон худро ба нодонӣ зад.
Бори дигар омад, дид, ки хӯшаҳояш боз дастаи нав «зоидаанд» аст.
Ин дафъа ба тарафи Восеъ бо табассуми кушод нигаристу гуфт:
– Ту ҳилагар будаӣ!
– Ба Худо, ки ман хабар надорам, – Восеъ муғамбирона рӯйи худро чаппа кард.
– Хӯшаатро намегирам, – духтарак бо як нозу истиғнои дилфиребона дастаи иловакардаи ҷавонро ба як тараф гирифта монд.
Ҷавон аз табассуми ӯ далер шуда, хӯшадастаҳои боқимондаи худро аз таги коҳ гирифта ба назди духтар рафт.
– Бигир, ана ин боз чор даста.
– Намегирам, бирав.
– Бигир, садқаат шавам, духтари ноошно. Охир, дуямон ҳам мусофирем, бачаи мусофирро як бор хурсанд кардӣ чӣ шуд?
Духтари ноошно дам назад, ба замин нигоҳ карда истодан гирифт.
– Номат чист?
– Аноргул, – оҳиста гуфт духтар.
– Дар номат садқа. Биё, биншин, камтар дам бигир.
Талқон дорам, зиёфатат мекунам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё