Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

БОБИ ШАШУМ

Восеъ падару модари кулфатзадаи худро суроғ карда дар деҳаи Дараи Мухтори амлокдории Ховалинг ёфт.
Бошандагони Дараи Мухтор ба ғарибони хонабардӯш раҳмашон омада ба Шакар маслиҳат доданд, ки бо аёлу фарзандони хурдсолаш (Фотима ва Қосим дар он вақт хурдсол буданд) сарсон шуда нагардаду дар ҳамин деҳа манзил бигирад. Шакар қабул кард. Дар канори деҳа ӯ як ҳавлии харобаи партоверо обод намуда ба зиндагӣ шурӯъ кард. Вай марди панҷоҳсолаи боқувват ва коркуне буд.
Сари баҳор бо ҳамроҳии писаронаш дар нишебии кӯҳ қитъаи заминеро аз сангу сангреза покиза карда, ба қарз тухмӣ гирифта гандуми баҳорӣ кошт. Зани ӯ дар хонаҳои мардум дӯғ мекашид, пахта мешапид, ҷомашӯӣ мекард.
Сонитар Шакар писари калониаш Восеъро ба галабонии Хӯҷамурод-мирохӯри кангуртӣ дод. Восеъ дар дашту адирҳои Кангурт, Балҷувон ва Қизилмазор як сол галаи аспони мирохӯрро пойид.
Тобистони соли 1865 падару писар ба даравгарии ғаллаи Мӯминҷонбои балҷувонӣ киро шуданд. Баъд аз тамом шудани дарав бой Восеъро барои хирманкӯбӣ нигоҳ дошт.
Ҷавон таронаи хирманкӯбон «Майдаё»-ро бо овози баланд суруда, дар соҳили Сурхоби шӯхи пурғавғо галагов меронад. Вақти баъд аз пешин; офтоби тафсони асад ба сари кӯҳ сарозер меравад, – шуълаи вай сардтар шуда, насими фараҳбахши бегоҳрӯзӣ ҳам андак–андак ба давидан оғоз кардааст. Говон хастаҳолона қадам мебардоранд.
«Майдаё»–хонии галабон ва зарби говрони ӯ ҳам акнун ба ҷонварон он қадар таъсир намекунад.
Бачагони хӯшачин бандчаҳои хӯшаашонро бардошта ба қишлоқҳои худ равон шуданд. Дар гандумпая ба наздики хирман танҳо ҳамон духтараки нозукаки зукка ҳанӯз хӯша мечинад.

пешина
аз 471
навбатӣ