АХТАРОНИ АДАБ

Саркардаи шуҷоъ дар вақти яке аз чунин дамгириҳояш пас аз сер шудан аз кабоби гӯшти оҳу, нохост аз меҳмондори худ пурсид:
– Саидалӣ, ҳамин чорбоғатро ба ман намефурӯшӣ?
Саидалӣ ин гапи ӯро ҳазл гумон карда гуфт:
– Фурӯхтан чӣ ҳоҷат, охир бе ин ҳам дари боғи ман барои шумо кушодагӣ–ку, тақсир. Биллоҳи азим, мисли боғи худатон.
– Агар боғ аз они ман мешуд, ман дар ин ҷо як иморати соз меандохтам, айвону шипангҳои нақшин меандохтам, чунон ҷое месохтам, ки аз «Боғи мир» ҳам беҳтару зеботар бошад.
Танхоҳхӯри бойгашта акнун дар дову даҳанаи сарватмандӣ ва карру фарри мансабдорӣ бо худи мир мусобиқа кардан мехост.
– Марҳамат, – гуфт Саидалӣ, – шумо ҳам дар ин ҷо ба паҳлуи ман як боғ созед, тақсир, оби чашма ба дуямон бемалол мерасад. Ана баъд ба даруни боғатон кӯшку айвонҳо андозед.
– Боғсозӣ вақти бисёр мехоҳад. Се–чор сол лозим, ки боғ боғ шавад. Ба ман тайёраш бошад.
Саидалӣ ба ин сухани Давлат ҷавоб надода хандиду монд, Давлат ҳам дигар дар ин хусус гап назад; гуфтугӯ бо ҳамин тамом шуд.
Дурусташ, Саидалӣ онро тамомшуда ҳисоб мекард.
Аммо ба зудӣ маълум шуд, ки ҳисобаш хато будааст.
Як рӯз арбоби деҳаи Зувайр ӯро дар кӯча боздошта гуфт:
– Саидалӣ, қаравулбегӣ ба боғи чагании ту харидор шудааст.
– Ман фурӯшгор нашуда бошам, ӯ чӣ хел харидор мешавад? – гуфт Саидалӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё