Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Вай ба ман фармуд, ки «бо Саидалӣ гап зада ӯро ба фурӯши чорбоғаш розӣ кун». Ту худат мизоҷи қаравулбегиро нағз медонӣ–ку, агар ӯ ба ягон кор қасд кунад, он корро накарда намемонад. Беҳтар, ки ту розӣ шавӣ.
Саидалии тундмизоҷ ва баддаҳон қаҳраш омада як дашноми қабеҳ ба номи зани Давлат дод.
Суханчине аз ҷумлаи хушомадгӯёни қаравулбегӣ, ё шояд худи арбоб ба зудӣ дашноми ӯро «нарезонда ва начаконда», балки бо иловаю изофаҳо пурратар карда ба Давлат расонданд.
Баъд аз се ё чор рӯз Саидалӣ дар чорбоғаш танҳо (оилаи ӯ ҳоло аз Зувайр ба боғ накӯчида буд) токҳои ангурро хомток карда гашта буд, ки баногоҳ Давлат бо як даста сарбозу навкарони худ ҳозир гардид.
Ваҷоҳати тираи ӯ нагбатхез ва балоангез буд.
– Бандед ӯро! – фармуд ӯ ба сарбозон, Саидалиро нишон дода.
Мардакро зада–зада ба дарахт баста монданд.
– Буред! Шиканед! – ба боғ ишора намуда боз фармон дод саркардаи бадҳайбат.
Навкарони фармонбардор ва сарбозони шуҷоъ остин барзада ба кор даромаданд. Навкарон бо табару тешаву арра, сарбозон бо теғу шамшер. Фурсати нӯшидани як чойник чой ҳам нагузашта буд, ки лашкари себу ток, анор, нок, шафтолу, гелос торумор карда шуд.
Ба истиснои гелос, меваҳои дигар нав акнун ғӯра шуда, хӯшаҳои ангур ҳам ҳоло сабзу хом буданд. Шоху навдаҳои пурбор ҳамчун шаҳидони майдони ҷанг ба хок сарнагун гаштанд, танаҳои дарахтони каллакшуда ба мисоли падару модарони мусибатзадае, ки фарзандони дилбандашонро талаф дода бошанд, дастҳои худро боло намуда гӯё ба фалаки каҷрафтор лаънатҳо мефиристоданд.
Ин ҳама харобкории чингизона дар пеши чашми Саидалии бахтбаргашта ба амал пайваст ва анҷом ёфт. Фиғон аз бехи ҷигари ӯ бархост.

пешина
аз 471
навбатӣ