АХТАРОНИ АДАБ

Асли воқеа аз балвои Муллохол оғоз ёфт.
Аз ин панҷ сол пеш, вақте ки мири Балҷувон Исҳоқбек қӯшпулӣ, мирона ва закоти чаканаро якбора ду баробар зиёд кард, деҳқонони шӯридаи Калтачинор бо сардории Муллохол ном бошандаи он деҳа барои арзу дод ба Балҷувон юриш карданд. Дар саросари роҳ ба онҳо аҳолии қишлоқҳои дигар ҳамроҳ шуданд. Ошӯб ба як ҷунбиши шӯришнамое мубаддал гардид. Мир ба муқобили ошӯбгарон Давлатро бо сад нафар сарбози савор равона кард. Давлат онҳоро дар дараи Раҷабфақир пешвоз гирифта, якбора ба болояшон тохта, теғу тозиёна кашида, чандеро кушта, даҳҳо нафарро захмдор карда, боқимондаашонро пароканда намуд. Ошӯби деҳқонон пахш карда шуд. Давлат, ки он вақтҳо ясовулбошӣ буд, барои ин хизматаш бо далолати ҳоким аз тарафи амир бо мартабаи қаравулбегигӣ сарфароз гардонида шуд. Ғайр аз ин ҳоким бо фармони амир ба Давлат панҷ деҳаи вилояти Балҷувонро танхоҳ карда дод. Танхоҳхӯр ҳақ дошт, ки ба болои ин панҷ деҳа ғайр аз хироҷҳои давлатӣ боз алоҳида аз ваҷҳи ғалла, чорпо, ему хошок, карбос, ҳезум ва ғайра ба фоидаи худаш хироҷ андозад. Ин хироҷро барои ӯ ё вакилони фиристодааш, ё ки амину арбобҳои деҳот ҷамъ карда медоданд ва деҳқонон инро бо маркаби (аспу улави) худашон ба ӯ мерасониданд.
Аз он панҷ деҳа яке Зувайр буд.
Давлат дар вақтҳои барои шикор ба кӯҳи Чаган баромаданаш дар Зувайр таваққуф менамуд. Сонитар ӯ дар «Боғи Ятим», таваққуф мекардагӣ шуд. Ин чорбоғи дилкушо дар нишебии баланди кӯҳсор бо сояи ҳаловатбахши беду садаҳояш, меваҳои дилкашу оби хушгувораш ба қаравулбегӣ бисёр хуш омада буд. Ҳар гоҳ ки ӯ баъд аз кӯфти кӯҳгардӣ ва шикор дар он ҷо бо одамони худ фуромада дам мегирифт, Саидалӣ ба ӯ хизмат мекард ва то аз дасташ омадан меҳмоннавозӣ менамуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё