Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Одамон ва инчунин аспон ба ҳар ҳол як қадар дам гирифта буданд, ин дафъа назар ба вақти ақибнишинӣ аз Балҷувон бардамтар қадам мепартофтанд.
Бегоҳирӯзӣ буд, то шомгоҳ бештар аз ним фарсанг роҳ рафта, дар қарибии даҳани дара – дар як чақрими Сурхоб қарор гирифтанд.
Восеъ худ бо якчанд нафар ҳамроҳонаш то лаби дарё пеш рафта нигоҳ кард. Дар ҳар ду соҳили Сурхоб оромӣ, хомӯшӣ ҳукмфармо буда, фақат шаввоси дарё ин оромиро боз ҳам аёнтар месохт. Дар шаҳр ва қалъа ҷунбише ҳис карда намешуд, ҳатто чароғаке ҳам ба назар наменамуд, гӯё, ки Балҷувон шаҳри беодам, шаҳри мурдае буд. Баъд овози муаззинҳо, ки азони хуфтанро мегуфтанд, базӯр– базӯр шунида шуда, фақат ҳамин овоз гувоҳӣ дод, ки дар шаҳр ҳаёте ва сокиноне ҳастанд. Баъди азон боз хомӯшӣ барқарор гардид.
Восеъ дар лаби дарё ба ҷоҳои пинҳонӣ дидбонҳо гузошта, худ ба назди лашкараш баргашт. Фавран ба ҳаракат кардан фармон дод. Шӯришгарон боз ба роҳ даромаданд.
Онҳо боварӣ доштанд, ки дар торикӣ зуд ва оҳиста аз дарё гузашта ба шаҳру қалъа шабохун мезананд. Аммо Восеъ онҳоро аз соҳили Сурхоб ногаҳон ба тарафи чап – ба ҷануб гардонд. Фармон дод, ки тез–тез, тамоман бесадо, орому хомӯш роҳ гарданд. Худаш пеш–пеш онҳоро ба соҳили чап дар паноҳи дарахтон як чақрим поёнтар бурда, ба гузаронидан аз дарё шурӯъ кард. Гузариш камубеш дар як соат бе ташвиши зиёд ва ба нағзӣ анҷом ёфт. Мардум ҳанӯз ҳам дар хаёли шабохунзанӣ ба шаҳр буданд, гумон мекарданд, ки Восеъ онҳоро бо роҳи васеи соҳили рост ба болои шаҳр хоҳад бурд. Лекин вай хомӯшона боз ба ҷануб – ба роҳи Кангурт раҳнамун шуд.
Гап ин ки дар аввал нияти Восеъ ба Балҷувон шабохун задан бошад ҳам, вай дар он вақте ки аз соҳили дарё шаҳру қалъаро мушоҳида мекард, бо чӣ мулоҳизае аз ин нияти худ гашта буд. Эҳтимол, бе донистани вазъияти ҳақиқии шаҳру қалъа ва андозаи қуввати душман ба вай ҳуҷум карданро хавфнок мешумурд.

пешина
аз 471
навбатӣ