Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

раҳна буданд. Маълум шуд, ки онҳо аз ҷумлаи гурезаҳои кӯлобӣ буда, бо сабабе аз Балҷувон ҳамроҳи шарикони худ баромада натавониста, дар он ҷо монда будаанд. Баъд роҳ ёфта баромада, ба ин ҷо расидаанд.
Хабари овардаи онҳо мароқангез буд: дар Балҷувон лақайҳои Туғай даст ба ғорату яғмо задаанд, аз ин ваҷҳ дар мобайни онҳо, аз як тараф ва амалдору сипоҳиёни мир аз тарафи дигар, муноқиша хеста, кор ба занозании хунин кашидааст. Лақайҳо дар шаҳр чизу моли казоӣ наёфта, аксарашон барои ғоратгарӣ ба қишлоқҳо баромада рафтаанд. Аз одамони Туғай ибрат гирифта, як қисми сарбозони бек ҳам аз итоат баромада дар толону тороҷи моли мардум ба онҳо шарик шудаанд. Вақти аз шаҳр баромадани ин се нафар дар он ҷо кашмакаш, талош, тӯпаланг дар авҷ будааст...
Нақли ин се кӯлобиро издиҳоми калони шӯришгарон гӯш мекард. Баъд ноқилон бо иштиҳои тамом ба хӯрдани нону талқоне, ки ҳамватанонашон оварда ба наздашон гузошта буданд, шурӯъ карданд.
Нақли онҳо дар бораи вазъияти Балҷувон ҳам Восеъро ва ҳам дигаронро аввал ба шавқ овард, аммо баъд ба фикру андеша андохт. Ҳама ба Восеъ нигоҳ мекарданд, мунтазир буданд, ки ӯ аз ин хабари расида чӣ хулосае мебарорад ва ба чӣ қароре меояд.
Восеъ якбора ба сари санг бархост. Фармон дод:
– Савор шавед, ёрон!
Ба Ризо фармуд, ки аспи ӯро биёрад. Боз ба издиҳоми шӯришгарон рӯй оварда гуфт:
– Рафтан ба дилхоҳӣ аст: ҳар кас хоҳад, бо ман меравад, нахоҳад – ихтиёраш.
Лекин дар ин издиҳом, дар байни ин ҳазор нафар шӯришгарони пиёдаву савора магар касе ёфт мешуд, ки аз паси Восеъ рафтанро нахоҳад?
Магар ҳамаи онҳо инони ихтиёри худро ба дасти вай насупурда буданд?

пешина
аз 471
навбатӣ