Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар чеҳраҳо алам, маъюсӣ, дармондагӣ сояандоз. Ҳама хомӯш, одамон гӯё маҷоли гап задан надоранд. Деҳа дар камари кӯҳ воқеъ, шуълаҳои хуршед ба он намеафтад, аз ҳамин сабаб номи он Нушур аст ва нушур ҷойи офтобнорасоро гӯянд. Дар сояи ғафси талҳои чухту баланд, ки деҳаро иҳота кардаанд, чеҳраҳои мардум боз ҳам тиратар менамоянд. Фақат аспҳо, аз мусибати рӯйдода ғофил ва аз ғами соҳибонашон бехабар, дар таги ин дараи сабз ва домани талҳо баҳузур мечаранд. Дар дара алафи тар фаровон аст.
Бошандагони Нушур, Офтобрӯя ва деҳаҳои дигар мардон, занон, бачагон ба шӯришгарон ҷурғот, нон, талқон, меваҳои хушку тар меоваранд. Аммо бисёр касон ба ин хӯрданиҳо нигоҳ намекунанд ва даст намерасонанд – хӯрок аз гулӯяшон намегузарад, онҳо дар ҷанг падарон, бародарон, ёру дӯстони худро талаф додаанд, мотамзада мебошанд. Чашмонашон хушк, зеро аз сӯзи дарун ашкҳошон хушкидааст, фақат ботинан мегирянд.
Восеъ ба замин чашм дӯхта рӯйи санге карахт нишастааст. Дар гирду пеши ӯ Назир, Одина, Юсуф, Саид– мерган, Қосим, Ризо ва ёрони дигараш ҷой гирифтаанд.
Ҳама сокит, ҳар кас ғарқи хаёлҳои гарон ва аламноки худ.
«Бо ҳамин тамом? Мағлуб шудем?–фикр мекунад Восеъ. – Ин халқ сухани маро шунидан мехоҳад, ман чӣ гӯям? Инҳоро куҷо барам? Бек ва лашкараш ҳоло албатта масти ғалабаанд, мағруранд, эҳтимол дар Балҷувон машғули айшу нӯш бошанд. Агар ман ҳамин бегоҳ ё шаб ба Балҷувон шабохун зада метавонистам, эҳтимол сарбозонро дар ғафлат ёфта шикаст медодам, лекин ин мардуми мондашуда ва аз руҳ афтодаро гашта ба ҷанг бурдан маҳол аст. Чӣ бояд кард? Ба ҳар ҳол коре кардан, ба тарафе рафтан зарур, дар ин ҷо дер истодан хатар дорад – бек метавонад ногаҳон ба болои мо ҳуҷум орад. Аммо чӣ кор кунем, куҷо равем?.. Наход, ки кори мо бо ҳамин тамом шуда бошад?

пешина
аз 471
навбатӣ