Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Лақайҳо ва сарбозҳо шӯришгаронро ба шиддат сур мекарданд. Ақибнишинии шӯришгарон кам–кам ба худ шакли гурезогурези бетартиберо гирифт. Фақат Восеъ ва Назир, инчунин Давлат Айюб сардори далери шӯришгарони деҳаҳои наздики Ховалинг: Бумбулҳо, Дӯстқулӣ, Даҳони Шол, ҳамроҳи як дастаи саворони ғаюри худ бо охирин қувват шамшеру таёқзанӣ карда, як дараҷа дами ҳамлаи душманро гардонда, кам–кам ақиб мерафтанд. Гурезаҳо саросема аз об мегузаштанд, ба соҳили чап фирор мекарданд. Пиёдаҳо андак пештар якдигарашонро дошта афтону хезон аз дарё гузашта, сӣ–чил нафарашонро об бурда, боқимондаашон аз вартаи аҷал саломат баромада ба дараи Боймуш паноҳ бурда буданд.
Саворони Восеъ ва Назир ҳам ақибравон ба пойи қалъа расида, худро якбора ба дарё заданд. Дар ин дам лақайҳои Туғай коре карданд, ки боиси наҷоти шӯришгарон гардид:
лақайҳо душмани гурезонро монда ба шаҳр рӯй оварданд:
одати ғоратгарӣ ғалаба кард, одамони Туғай ғорати шаҳри холиро аз таъқиби душмани ҳазиматкарда авлотар донистанд. Издиҳоми онон якдигарро пас зада, зер карда, моломол ба шаҳр медаромад, он гоҳ сипоҳиён ва амалдорони бек ҳам ночор ба думболи онҳо афтиданд. Онҳо мехостанд, ки дар шаҳр агар аз молу сарваташон чизе боқӣ монда бошад, онро аз дастбурди ғоратгарон нигоҳ доранд ва номуси зану духтарони дар шаҳр мондаи худро ҳифз кунанд. Шӯришгарон аз таъқиби ҳалокангез халосӣ ёфтанд. Агар Туғай ва Давлат ҳам аз дарё гузашта Восеъро гармогарм таъқиб мекарданд, бешубҳа, лашкари Восеъ тамоман торумор мегардид ва қир мешуд.
Ин шикасти аввалин ба халқи шӯришгар бисёр гарон омад.
Тӯдаҳои мардуми мусибатзада, гурусна, беҳолу бемадор, сарсону абгор, баъзе маиб, баъзе маҷруҳу хуншор, дар дараи Оби Мазор ба деҳаи Мушур ғун шуданд.

пешина
аз 471
навбатӣ