Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Қосидон бар аспҳои бодпо савор шуда роҳи Ҳисор ва Кӯлобро пеш гирифтанд.
Дар интизории ҷавоби номаҳо ду рӯз гузашт. Рӯзи сеюм пагоҳӣ аз Ҳисор ҳам, аз Кӯлоб ҳам ҷавоб омад, ки ба мадади ҷаноби бек – аз барои саркӯбии шӯришгарони «баттолу ғаддор» ва пас гирифтани Балҷувон сарбоз фиристода хоҳад шуд. Вале кай фиристода шудани сарбозон маълум набуд, инро қушбегӣ ва мир дар номаҳои худ нишон надода буданд.
Худи ҳамон рӯз, баъди расидани номаҳои ҷавобии ҳокимони ҳамсоя, Туғай бо дусад савори ҷаррори худ вориди Кангурт гардид. Роҳзани кӯлобӣ дар ивази пулу мол ва «амаки ҷалила»–и тӯқсабогӣ, ки ҳоким ваъда дода буд ин амалро барои вай аз амир дархост намояд. розӣ буд, ки ба ҳокими ноком мадад расонад ва таҳти фармони вай ба ҷанги Восеъ равад.
Ҳоким аз омадани Туғай хушнуд нашуд, зеро сарбозони ҳисорию кӯлобӣ ҳанӯз нарасида буданд ва дар ин миён, то расида омадани онҳо, дусад нафар одами Туғайро хӯрондан ва аспони онҳоро ҷаву беда додан лозим меомад.
Аммо вақте ки худи ҳамон рӯз Кабир ҳам бо номаи мутаваллӣ ва девонбегӣ ҳозир гардид, омадани Туғай айни муддао баромад. Нохушнудии бек аз вуруди лақайҳои Кӯлоб ба хушнудӣ табдил ёфт. Зеро хабари овардаи Кабир дар бораи парешонии сафҳои шӯришгарон дар Балҷувон аз он башорат медод, ки агар бек ба мадади ҳокимони Ҳисору Кӯлоб мунтазир нашуда худаш мустақилона ба болои Балҷувон юриш кунад, зафар ёфтанаш хеле ба эҳтимол наздик ва имконпазир аст.
Ҷосус чӣ гуна аз Балҷувон роҳ ёфта баромаданашро нақл кард ва ин нақли ӯ ҳам ба бек ва ҳам ба атрофиёнаш писанд омад. Кабир шабона аз мазори Хӯҷа Балҷувон баромада, аз болои кӯтали Боғи мир гузашта, дидбонҳои Восеъро фирефта, бо пайраҳаи гумноми кӯҳӣ ба роҳи калони Кангурт сарозер шуда зиёда аз се фарсанг масофаро якзайл асп давонда тай карда буд.

пешина
аз 471
навбатӣ