АХТАРОНИ АДАБ

– «Ту мехостӣ, ки ба оши тайёр бакавул шавӣ?– ба вай таъна мезад бек. – Аввал дигарон Восеъро гурезонанд, баъд ту вайро заданӣ будӣ?!» Боз бек бо ҳасрату надомат аз Раҷаб– додхоҳи «шаҳид» шиква мекард, ки вай дар пушти мазор дер истод, таъхир кард, дарав баромада шӯришгарони саросемашуда ва рӯ ба гурез овардаро таъқиб накард, ба Восеъ фурсат дод, ки худашро дошта гирифта ба ҳуҷум гузарад. Ҷувозкаш саркардаро фиреб дод, аҳмақ кард!..
Сарбозу навкарҳо, лақайҳои Аллоёҳри мақтул дар корвонсаройҳо, чойхонаҳои Кангурт ҷойгир шуданд. Сардорон дар меҳмонхонаҳои амлокдор то нисфи шаб нишаста гунаҳгори мағлубиятро ҷустанд, ба якдигар таънаҳо заданд ва айбҳо монданд. Ба бахти баргашта лаънатҳо хонданд.
Баъд андешиданд, ки чӣ бояд кард? Илоҷи воқеа чист ва тадбир кадом аст? Ҳар кас ба андозаи ақлу фаросаташ ҳар чӣ мегуфт. Дар поёни машварати серкашокашу пурғавғо бар он иттифоқ карданд, ки фавран ба ҳокимони Ҳисор ва Кӯлоб нома фиристода, баёни ҳол намуда аз онҳо мадад пурсанд.
Мирзои бек номаҳои лозимаро тақрир кард. Бек ба номаҳо муҳри худро дилу бедилон зад, зеро медонист, ки агар қушбегӣ ва мири Кӯлоб сарбоз фиристонанд, он сарбозон тамоми қаламрави ҳокими Балҷувонро бо хазинаи ӯ якҷоя ғорат хоҳанд кард ва баъд ғалаба ҳосил, ки шуд, он ғалабаро ба худашон нисбат хоҳанд дод ва ба вай–ба Мирзоакрами мирохӯри ҳоким миннат хоҳанд гузошт.
Агар вай баъд аз он боз дар мансаби мирии худ монад, дар зери бори миннати онҳо хоҳад буд.
Аммо илоҷи дигар нест–номаҳоро зудтар бояд равона кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор