АХТАРОНИ АДАБ

Қосид асп давонда рафт. Восеъ бо одамонаш зуд дар беруни деҳа ба ду ҷо шинак гирифт.
Сарбозон аз кӯтал фуромаданд. Онҳо сӣ нафар буда, бо фармони Остонақул аз Файзобод, ки ҳокими Ҳисор дар фасли тобистон гоҳо ба он ҷо рафта чодир мезад, ба Норак барои муҳофизати пули Вахш омада истода буданд.
Ризо аз сарбозҳо пинҳон шуда натавонист, онҳо дастаи ӯро дида монда, фавран ҳамла карданд. Ризо бо дастааш фирор кард, сарбозон ӯро паёпай сур карда омада, дар қарибии Норак нохост ба ду камингоҳи Восеъ бархӯрданд.
Аз камингоҳҳо ҷаста зарба задани Восеъ, саросемаву ҳаросон рӯ ба гурез овардани сарбозон, бо зарби шофу таёқҳои бешафқати шӯришгарон аз сари зинҳо паридани панҷ–шаш нафар сарбоз ва ниҳоят тору мор шудани дастаи онҳо дар якчанд дақиқа ба вуқӯъ пайваст ва анҷом ёфт. Ба дастаи Восеъ ғайр аз дувоздаҳ сар асп ва як миқдор туфангу тиру шофҳо боз ду замбаракча ғанимат афтод.
Ба ростӣ ҳам, толеи ҷангӣ ба Восеъ ёр буд. Ба шӯришгарон ин ғалабаи зуд ва осон руҳи тозае бахшид. Агар якто–нимтоҳо то ин дам дар мададрасонии Хизр ба Восеъ шак дошта бошанд, акнун ба ин «мадади ғайбӣ» бовар карданд.
Як натиҷаи ғалаба ин шуд, ки фақирони Норак сию чор нафар, қисме савора ва бештар пиёда бо таёқҳо баромада ба лашкари Восеъ пайвастанд.
Замбаракчаҳои номбурда кори усто Бароти норакӣ буда, ба дарозӣ ду ваҷаб беш набуданд. Ҳамроҳи замбаракчаҳо шаш дона кулӯлача, ҳар кадомаш ба қадри як мушт ва ним халтача борут ҳам ғанимат афтод. Ризои булҳавасу кунҷков даррав як замбаракчаро ба болои харсанг бароварда, як кулӯлача ва миқдоре борутро ба дарунаш андохта, пилтаи ба нӯги чӯби дароз басташударо даргиронда борутро оташ дода буд, ки кулӯлача як дусад қадам он сӯтар парида ғалтиду мисли башиддат ба ҳам хӯрдани ду санги калон тараққас зада кафид, оташаке дар миёни чангу дуди бархоста барқ зад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор