АХТАРОНИ АДАБ

Восеъ бошандагони деҳаро дар лаби дарё ғун карда эълон намуд, ки аз ҳамин рӯз эътиборан амлокдори онҳо Нозим аст, тутқавулиҳо бояд ба ҳар амру фармоне, ки ӯ медиҳад, бе чунучаро итоат кунанд. Баъд вай бо ҳамон шитобу суръат ба тарафи Норак равон шуд.
Деҳаи Норак дар соҳили рости рӯди Вахш афтодааст.
Дарё аз Тутқавул то ин ҷо дар масофаи ним фарсанг дар бағали танги кӯҳҳо фушурда шуда – фушурда шуда омада, дар наздикии Норак ба тангнои сангине медарояд, ки аспи сабукхезе агар аз болои он тангно як ҷахиши хубе кунад,ба соҳили рост гузашта метавонад. Бар болои ин тангно – аз сатҳи оби хурӯшон як сад газ болотар – пули хурде аз чӯбу санг андохтаанд, мисли ин ки зине бар дӯши Вахши саркаш задаанд; ин пул бо номи пули Норак машҳур буда, ягона гузаргоҳе аз водии Ҳисор ба кӯҳистони Кӯлобу Балҷувон мебошад. Дар буни ҷарии таги пул об чун шери ба қапқон афтода меғурад, девонавор ҷасту хез мекунад, мастона кафк мепошад, сар ба шахҳову харсангҳо мезанад.
Восеъ аз пул гузашта ба Норак дохил шуд. Аз он ҷо вай як дастаи дувоздаҳнафариро бо сардории Ризо барои дидбонии роҳ ба пеш – ба тарафи Чормағзак фиристода, худ бо одамонаш дар боғоти Норак ба дамгирӣ истод.
Баъд аз соате яке аз нафарони Ризо асп давонда омада, дар кӯтали байни Нораку Чормағзак як даста сарбозони саворро ба Восеъ хабар дод.
– Онҳо чанд нафаранд? – пурсид Восеъ.
– Як бисту панҷ – сӣ нафар, – ҷавоб дод қосиди Ризо.
– Онҳо шуморо диданд ё не?
– Не, надиданд. Мо дар адир истодем, Ризо худаш ба болои тал баромада монда буд.
Восеъ ба вай аспи дигаре дода амр кард:
– Чорхез зада ба пеши Ризо баргард, бигӯ, ки вай дар таҳи кӯтал камин бигирад, пинҳон шавад. Сарбозон аз кӯтал, ки фуромаданд, ӯ худро ошкор накарда, онҳоро гузаронда фиристонад, баъд вақте ки ман онҳоро лагад кардам, ӯ баромада аз қафо ҳуҷум кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор