Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Фиристодагон аз дарё гузашта ба наздикии шӯришгарон расида қарор гирифтанд.
Онҳо ғайр аз Ҳоҷӣ Яъқуби хомфарбеҳи ҷорӯбриш боз маҳрамбошии солхӯрдаи ҳоким ва ду мӯйсафеди дигар – «муътабарон»–и шаҳр буданд.
– Восеъ! – бо овози баланд хитоб кард мударрис ба мири шӯришгарон. – Ҷаноби ҳоким мепурсанд, ки: шумоён аз барои чӣ омадед?
Восеъ бе шитоб аз сари санг бархоста, ду даст ба футааш карда гуфт:
– Албатта, аз барои сайру тамошо не.
– Мақсадатон чист?
– Мақсади мо... – гуфта Восеъ андак тааммул карду ба халқ муроҷиат карда пурсид:
– Кӣ ҷавоб медиҳад?
Ин муроҷиати ӯ барои вакилони бек ҳам, барои омма ҳам аз ғайри чашмдошт буд. Сукуте ба миён омад. Баъд Назир хеста:
– Ман ҷавоб медиҳам! – гуфт ва ба вакилон рӯй оварда чунин суханронии истеҳзоомез кард: – Магар ҳоким ҳанӯз ҳам дар қалъа нишастааст? Охир, фуқаро вайро кайҳо бекор карданд–ку! Шумо, домулло, биравед ба ӯ бигӯед, ки тезтар аз ин ҷо дафъ шавад!
Ин навъ гуфтори ошкоро исёнкоронаи Назир шеваю оҳанги гуфтугӯйи баъдинаро муайян кард. Саидалии шӯхтабиат бо овози борику баландаш ба Назир гуфт:
– Ту, Назир, мепурсӣ, ки ҳоким магар ҳанӯз ҳам дар қалъа нишастааст! Магар ту намедонӣ, баъд аз он ки ӯро халқон аз ҳокимӣ бекор карданд, амир ҳам бекор карда шудааст, аммо Мирзои мирохӯр ин сафар ба амир занашро пешкаш кардааст, аз ҳамин сабаб амир боз ӯро дар мансабаш монондааст!
Хандаи қоҳ–қоҳ ба ҳаво печид. Ба ҳукми «Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро», ба амир ба ивази мансаби ҳокимӣ духтари худро тақдим кардани Мирзоакрамбой бо чӣ роҳе маълуми халқ гардида дар байни кӯҳистониён ҳам гап шуда буд, бинобарин кинояи Саидалиро ҳама фаҳмиданд.

пешина
аз 471
навбатӣ