Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар муқобили он ба канори дигари (канори рости дарё) дар мобайни масофаи аз Тути буни Ҳайдар то қалъа, деҳаи хурдтараки Сурхакон дар бағали шахҳо ва ҷариҳои сурх ҷой гирифтааст.
Шуълаи офтоби сар бароварда, аммо ҳанӯз ба шӯришгарон намудор нашуда, ба болои қалъа тофт. Он гоҳ шӯришгарон дар болои девори қалъа сиёҳии се–чор нафар одамро диданд. Дар он ҷо бек Мирзоакрамбой ва мансабдорони вай истода, бо дурбин ӯрдуи шӯришгаронро назора мекарданд. Аз ҷониби Сурхакон чаҳор нафар савор намоён гардиданд. Бе яроқ. Саллаи сафеди якеро фарқ кардан мумкин. Шикорчии тезчашм Назир соҳиби саллаи сафедро шинохт:
– Ҳоҷӣ Яъқуби мударрис, – гуфт ӯ ба Восеъ.
Ҳоҷидомулло дар ҷое, ки миёнаравӣ, панду насиҳат лозим шавад, пайдо мегардад. Маълум мешавад, ки бек корро ба сулҳу салоҳ анҷом доданист? – фикр карданд Восеъ ва ёронаш. – Ҷангидан намехоҳад? Балки ба шӯришгарон гузашт кардан, талаби ононро қонеъ кардан мехоҳад?..
Аммо ҳол ин тавр набуд. Вазифаи ҳоҷидомуллои насиҳатгар ҳам ин дафъа дигар буд. Гап ин ки сарбозони ҳисорӣ ҳоло ба Балҷувон нарасида буданд. Бек расида омадани онҳоро баъди ягон ду соат интизор буд. Ғайр аз ин ӯ лақайҳои Балҷувонро ба иштирок дар фурӯ нишондани шӯриш розӣ карда буд, онҳо дар баландии деҳи Туркон, ки як ҷузъи Балҷувон аст, нав ҷамъ шуда истода буданд, ҳоло тайёр набуданд. Бек бо фиристодани вакилони худ ба назди Восеъ ӯро ба гуфтугузор андармон карда вақтро гузаронидан мехост. Мувофиқи таълиме, ки аз Остонақул гирифта буд, вай қасди он дошт, ки дар ин дара бо қувваи зиёд шӯришгаронро ба муҳосира гирифта якбора пахш кунад, несту нобуд намояд.
Халқ фиристодагони ҳокимро хомӯшона ва бо назари кунҷковона истиқбол карданд.

пешина
аз 471
навбатӣ