АХТАРОНИ АДАБ

дори Сарихосорро асир гирифта, ба худ саис карда оварда буд. Амлокдори собиқи мутакаббир ба ҳар фармони Назир фармонбардорона «хӯш!» гуфта, аспи вайро обу ҷав медод, қашав мекард, лавандона зин мезад, ки Восеъ ҳозир инро ба ёд оварда хандааш гирифт. Аз маслиҳатҳои оқилонаи бародархондааш вай бори дигар ба доноӣ ва дурандешии Назир тан дод. Маслиҳати аввалини вай ин буд, ки ҳарчи зудтар ба Туғаи кӯлобӣ одам фиристода, барои ӯро ба тарафи худ кашидан ҳаракат бояд кард. Туғай дузди роҳзан бошад ҳам, чӣ бок? Вай аз ваҷҳи се ҳазор сар гӯсфанди лақайҳо, ки мири Балҷувон ба ғорат бурда буд, аз мир аламзада аст, душмани мир аст, бинобар ин барои аз душманаш қасос гирифтан ба Восеъ мадад расонад ҳам аҷаб нест.
Воқеан ҳам, Назир рост гуфт, хуб фикр карда буд, ин чиз ба хотири Восеъ нарасида буд. Восеъ фавран аз ҷумлаи ёрони содиқи худ Одинаи бачкакониро ба Кӯлоб ба назди Туғай роҳӣ кард. Одина пагоҳии дигар худи Туғайро бо дувоздаҳ нафар одамаш ба пеши Восеъ гирифта овард. Саркардаи бебоки аспдуздон барои бо худи Восеъ шахсан гуфтугӯ кардан ва нақшаи ӯро донистан омада будааст. Дар натиҷаи музокира Туғай розӣ шуд рӯзи ҳуҷум ба Балҷувон бо дусад–сесад нафар ҳамқабилаҳои худ ба мадади Восеъ бирасад, аммо ба шарте, ки Восеъ ҳар ғанимате, ки аз ваҷҳи ғалла, пул, чорпо дар Балҷувон ба даст оварад, нисфашро ба Туғай бидиҳад. Восеъ дар андеша монд, аммо Назир ба вай маслиҳат дод, ки қабул кун. «Мо бисёрем, лақайҳои Туғай кам: Худо хоҳад, мо Балҷувонро ки гирифтем, ҷилави ӯро мекашем, роҳи ғоратгариашро мебандем!» Восеъ қабул кард. Туғай гашта рафт.
Баъд Назир боз коре кард, ки ҳаргиз дар гӯшаи хаёли Восеъ набуд ва дигарон ҳам шояд инро фикр накарда буданд. Дар болои Сурсақова халқро ба гирди гулхан ҷамъ карда, Назир аз линга чакмани сафеди нав, фута ва шамшереро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо