АХТАРОНИ АДАБ

Шаб ором. Дар осмони бекарона ситораҳои бешумор медурахшиданд. Ҷо–ҷо дар байни сабзаҳои сиёҳтоби домани талҳо чароғаки кирми шабтоб чашмак мезанад. Чирроси ҳашароти орамида ва гоҳ–гоҳ гуфтугӯйи паст–пасти қаровулон ва якто–нимто одамони шабзиндадор, шиҳаи аспон ба гӯш мерасад. Заврақи рахшони моҳ дар баҳри ахзари фалак шино мекунад. Восеъ аз хурроки Саидалӣ дилгир шуда, «рахт»–и хобашро аз коза берун кашидааст.
Хоби ноороме, ки соате чашмонашро пӯшонда буд, акнун аз вай гурехта ҷояшро барои хаёлу андешаҳои парешон холӣ кардааст. Бар рӯйи сабзаи тар пуштнокӣ дароз кашида, Восеъ воқеаҳои се рӯзи охир – се рӯзи пас аз ҷанги Мазори Додаракро аз назари хаёл мегузаронад, таҳлил мекунад, ба маърази муҳокима мекашад...
Дар пеши чашмаш – гулхани азими болои Сурсақова.
Шаби дуюми ғалабаи Мазори Додарак вай бо ёронаш ба Сурсақова баромада, кунҷолаву ҳезуми фаровонеро ба он
1 ҷо кашонда, тал зада алов сар дод. Ин гулхан ҳамон «аломате» буд, ки вай пайдо шудани онро ба фақирон ваъда карда буд. Шуълаи гулхан аз Балҷувон гирифта то Сарихосору Тавилдара ба ҳамаи қишлоқҳо намудор аст.
Ҷое, ки он намудор нест, бо фармоиши вай аҳолӣ дар баландиҳо дидбонҳои махсус гузошта буданд, то ки аз «аломат» бехабар намонанд. Гулхани болои кӯҳ оташиналами барафроштаи Восеъ буд, хитоби тобноке буд, бонги шуълаафшоне буд, ки ситамкашонро, хору забуншудагонро, асирони истибдодро нидои қиём ва исён медод. Ба ғазо даъват мекард. Аз худи ҳамон шаб сар карда, аз қишлоқҳои дуру наздик даста–даста шӯришгарон ба Сурсақова омада ҷамъ шудан гирифтанд...
Чӣ шодӣ ва дилгармие ба худ ҳис кард Восеъ, вақте ки рӯзи дигар бародархондаи паҳлавонаш Назир бо як даста саворонаш ҳозир шуд! Вай душмани шахсии худ – амлок-
. Тал задан – болои ҳам чидан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо