Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

– Ҳар чӣ гуфтӣ, аз забони мо гуфтӣ!..
– Ба Восеъ Хизр назар кардагӣ!..
– Миёнашро Ҳазрати Султон бастагӣ!..
– Қатии Хоҷа Айюби Ансор, Сайид Амири Афғонӣ, ҳазрати Хоҷа Балҷувони валӣ бастагӣ!..
Восеъ ба дилаш хандид: вай ба ёд надошт, ки боре мазорҳои ин «валӣ»–ҳоро зиёрат карда ё назру ниёзе бурда бошад (мазорҳои се «валӣ»–и аввалӣ дар наздикии Ховалинг мебошанд. Ба ростӣ арвоҳи ин «авлиёҳо» агар аз Восеъ қаҳрӣ набошанд, ба бастани миёни вай ҳам ҳеҷ ваҷҳеву асосе надоштанд).
Вай обдастаро бардошта қариб ҳамаи оби онро нӯшид ва бо фаши дарози саллааш ришу бурути худро пок карда, боз ба язнаи дармондаи мулзамаш рӯй овард:
– Ту, Сангалӣ, ба болои ана ин харсанг баро! – ногаҳон амр кард вай. – Барову бо овози баланд ба ин халқ бигӯ:
«Ман номардам, беномусам! Шумо ба ҷанги золимон биравед, ман намеравам. Манғит ҳамаи буду нобудамро ба хироҷу закоти ҳаромаш бубарад, худамро ғулом, зану духтаронамро каниз кунад, ё ки ҳамаашонро аз гушнагӣ бикушад – майлаш, ман дам намезанам, чунки ору номус надорам, ору номусам, ҳамиятамро, ки аз падару бобоҳоям ба мерос гирифта будам, ба манғит арзон фурӯхтам!» Ана ҳаминро ту ҳозир ба ин фақирон мегӯйӣ, баъд ман туро рухсат медиҳам, меравӣ пайи зиндагии сагонаи худат!
Аз издиҳоми ба завқ омада хандаҳои қоҳ–қоҳ ва овозҳо баланд шуданд, ки хитобан ба Сангалӣ мегуфтанд:
– Бихез, бигӯ!
– Баро ба болои харсанг!..
– Рӯт сиёҳ!..
– Яктаҳатро бикаш, куртаи занона бипӯш!..
– Садқаи он тоқию салла шавӣ! Ба сарат рӯмол бибанд, лаънатӣ!..

пешина
аз 471
навбатӣ