Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ӯ аз халқи худамон буд, мири одил, худотарс буд. Аммо агар халқон мири зардро нахоҳанд, каси худашон хостагиро мир мекунанд. Дигар ин ки, Сангалӣ, ту гуфтӣ – аз дасти ин фақирони таёқ ба даст чӣ меояд? Ман мегӯям, агар халқи таёқдор дар ғазо нотарс бошанд, пурдил бошанд, таёқ ҳам кори тӯпу туфангро мекунад! Ҷанги Мазори Додаракро нашунидӣ?
Мингбоширо кӣ зад? Сарбозони туфангдор, шофу шамшердорро кӣ лагад кард, кушт, гурезонд? Ҳамин таёқдорон, ҳамин фақирони сарлучу пойлуч лагад карданд, куштанд, гурезонданд, аслиҳа ва аспҳои онҳоро ғанимат гирифтанд! Иншоаллоҳ, манғит шикаст мехӯрад. Аз ӯ як худи мо тоҷикон безор не, фақирони лақай, марқа, қунғурот ҳам безоранд. Ба гап не, ки Туғаи кӯлобӣ ба пеши мо омад, ваъда дод, ки «қатии шумо ман ҳам Балҷувонро лагад мекунам, ба шумо ёрӣ медиҳам». Ман мегӯям, манғит ба мисоли дузд аст, дузд аслаш тарсу мешавад; ӯ то вақте шердил аст, ки соҳиби хона бехабар бошад; соҳиби хона хабардор ки шуд, таёқро бардошта баромада нотарсона ба сари дузд ки тохт, фарёд зада ҳамсояҳоро бедор ки кард, дузд тоб намеоварад, мегурезад, ё дастгир мешавад.
Ҳамин тавр не? – гуфта Восеъ ба ҳама муроҷиат кард.
Овозҳо баланд шуданд:
– Ҳамин тавр!.. Рост мегӯйӣ, Восеъ!..
– Ман мегӯям, бародарон, – бо ҳамон овози баланд хитобаташро давом дод Восеъ, – манғит дузди муттаҳами ғоратгари хунхор, ки ҳаст, номард аст, беномус аст! Бо мардони баномус рӯбарӯ ки шуд, тоб намеоварад, расво мешавад, шикаст мехӯрад!
Шӯришгарон бо ғалоғулаи ҳаяҷонангез ва хитобу нидоҳои пурғавғо сухани саркардаашонро қувват доданд:
– Шикаст мехӯрад!..
– Ҳақ гуфтӣ!..
– Дар забонат садқа!..
– Аз дили мо гап задӣ, Восеъ!..

пешина
аз 471
навбатӣ