АХТАРОНИ АДАБ

панҷсад нафари онҳо дар кӯю кӯчаҳои шаҳр кушта ё маҷруҳ шуданд, боқимондаашон амон хостанд. Бо ҳамин, шӯришу балво ба як бор хотима ёфт... – Остонақул ҳикояташро қатъ карда ба ҳариф андаке фурсат дод, ки ин ҳикояро «ҳазм» намояд, баъд аз он гуфт: – Ҷое, ки кори душман ба силоҳ саранҷом намеёбад, ҳилаву тадбир лозим... Гап ҳамин, мирохӯр. Омин Аллоҳу акбар. – Қушбегӣ ба аломати тамом шудани машварат даст ба рӯй кашид. – Аз рафти кор фақирро хабардор карда истед. Агар лозим шавад, фақир ягон саркардаро бо як даста сарбоз ба мадади шумо мефиристонам.
Бек баромада бо шитоб ба тарафи Балҷувон саворӣ намуд. Аз паси вай ҳамроҳонаш ба роҳ афтоданд. Духтару писари «савғотӣ» ва аспи сиёҳтуруқ монданд.
Маҳрамбошии ришкалон ба хайма даромада аз Остонақул пурсид:
1
– Дар ваҷҳи тортуқи бек чӣ мефармуда бошанд..?
– Худат медонӣ, – ҷавоб дод ҳоким.
Маънии «худат медонӣ» ин буд ки: «тортуқҳоро» – эҳтиёт карда ба қароргоҳи ҳоким бирасон. Қароргоҳи тобистонии худро вай дар Қаратоғи шодоби хушҳаво сохта буд...
Тортуқ – пешкаш.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо