Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Нав фуқароҳо шӯрида, аз сарбозони шикастхӯрдаи шерободӣ ва ҳисорӣ ҷамъе ба шӯришгарон пайваста, бо нияти қатлу ғорат якзайл ба Бойсун ҳуҷум мекарданд.
Ҷаноби олӣ ба фақир амр карданд, ки: бирав, шӯришгаронро ба сазову ясо бирасон. Фақир бо ҳазор нафар сарбоз ба он ҷониб юруш карда, дар қалъаи Бойсун ӯрду зада, дар садади дастгир ва парешон кардани шӯришгарон шудам. Чандин бор ба атрофу акноф баромада, аҳолии қишлоқҳои шӯридаро қатли ом ва тороҷ кардем, лекин шӯриш паст нашуд, шӯришгарон даста–даста дар камари кӯҳу дараҳо такопӯ карда, ҳеҷ дум ба даст намедоданд.
Фақир дидам, ки аз таъқибу думболагирии онҳо суде нест, зеро он ҷоҳо барои шӯришгарон ҳукми хонаи худиро до-
2 рад, онҳо ба завоёву хабоёи хонаашон баладанд ва мо нобалад, бинобар ин ба Бойсун баргашта таваққуф кардам ва як пагоҳ лашкарро аз қалъа бароварда ба тарафи Ҳисор равон шудам, барои муҳофизати шаҳр фақат сӣ нафар сарбоз гузоштам. Медонистам, ки ҷосусҳои шӯришгарон онҳоро аз қазия огоҳ хоҳанд кард. Фақир аз шаҳр ду фарсах ба роҳи Ҳисор рафта, дар кӯҳсор бозистодам. Дар Бойсун ва деҳоти атрофи он ҷосусҳо монда будам, онҳо шаб ба фақир хабар оварда буданд, ки шӯришгарон дар бомдод шаҳрро пахш карданианд. Филфавр лашкарро ба се даста тақсим карда, шабона сиррӣ ақиб гашта дар нимфарсахии шаҳр дар боғот ва сойҳо ба камин нишастам.
Дар бомдод издиҳоми шӯришгарон пайдо шуда, дар ҳақиқат шаҳрро ба муҳосира андохтанд ва дар ду–се ҷой рахна карда ба он даромаданд. Он гоҳ ба дастаҳо фармон дода шуд – аз се тараф ба шаҳр ҳамла оварданд. Роҳҳои гурези шӯришгарон баста шуда буд ва агар гурезанд ҳам, дур гурехта наметавонистанд. Дар як–ду соат чорсад–

Завоёву хабоё – кунҷакҳо ва дигар ҷоҳои пинҳонӣ.

пешина
аз 471
навбатӣ