Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мингбошӣ туро сур мекунад, ту ба тарафи Чагар мегурезӣ, ӯ аз дунболат афтода, камаш як–ду соат бо ту андармон мешавад. Дар ин миён ман бемалол ба Мазори Додарак шинак мегирам. Чӣ тавр, маъқул?
– Қанд бизан, акаи Восеъ, хуб фикр кардаӣ. Локин, агар ту рухсат диҳӣ, ман ба ҷойи худам ба Тути Қозӣ Абдуқодирро мефиристонам. Ӯ худаш аз ҳамон тарафҳо – аз деҳаи Яб аст, марди уҳдабаро, шердил. Худам бо ту меравам.
Восеъ фармуд Абдуқодирро ҷеғ зада ба наздаш оварданд. Ӯ марди чилсолаи қоматрасо ва бокитфу бозуе буд, чашмони зираки дурахшандае дошт. Ӯро ҳамчун як аспсавори чобук ва бузкаши тардасте мешинохтанд.
Восеъ ба Абдуқодир вазифаашро фаҳмонда буд, ки ӯ гуфт:
– Хотирҷамъ бош, акаи Восеъ, мингбоширо ман аз бинияш гирифта то Чаган кашола мекунам, сагворӣ хуб сарсонаш мекунам.
Восеъ ба вай Ризоро ҳамроҳ карда фиристод.
Абдуқодир ҳамон соат дар сари понздаҳ шӯришгари савор ба роҳ афтода дар як дам дар қабати теппаҳо ва шахҳои соҳили чапи Сурхоб аз назар ғоиб гардид. Вақте ки офтоб дар пушти ағбаи Чавгонӣ пинҳон гардид, дигар шӯришгарон ҳам ба аспҳои кӯҳгарди почаборики худ савор шуданд. Восеъ онҳоро аз дарё гузаронда, бо шитобу ҷадал ба дараи Мазори Додарак гирифта бурд.


Мавзеи Тути Қозӣ иборат аз баландӣ ё ба лафзи аҳолии
ин ҷоҳо банди дарозу ҳамворест дар миёнаи Балҷувону
Ховалинг. Аз деҳаи Ҳормаи лаби Сурхоб то ин ҷо масофаи рост қариб ду фарсанг меояд, ки аз таги ҷариҳо, дараҳои танг ва рӯйи қаторталҳо мегузарад. Дастаи Абдуқодир бо суръати тез, ҷое луккаву йӯрға ва ҷое чорхез асп ронда, ин масофаро дар камтар аз якуним соат тай кард.

пешина
аз 471
навбатӣ