АХТАРОНИ АДАБ

Агар аз қаровулҳо ҳеҷ набошад яктояш хабардор шуда, тир паронда шариконашро хабардор кунад, мо ҳеҷ коре карда наметавонем: сарбозон туфанг доранд, мо надорем.
– Пас чӣ кор кунем? Мингбоширо бо ҳила ба ягон тангно бикашем, дар «қапқон» андозем магар?
– Ин гурги борондида ба «қапқон» меғалтида бошад ё не, кас намедонад. Ғайр аз ин, ин кор вақти зиёд мехоҳад:
то ба тангно бикашӣ ва дар «қапқон» андозӣ, чандин рӯз мегузарад, дар ин муддат мумкин ки Давлату Оллоёр ба болои мо тозанд. Ман гумон мекунам, ки онҳоро ҳоким пагоҳ–фардо мебарорад. Фурсат кам аст. Тезтар Балҷувонро лагад кардан лозим. Ман як нақша дорам, гӯш андоз ба ту гӯям. Мо худи ҳамин бегоҳ аз Сурхоб мегузарем, шаб пинҳонӣ рафта аз болои Чорбоғ ба дараи Мазори Додарак мебароем. Дар Мазори Додарак ба ду–се ҷой шинак мегирем. Мингбошӣ вақти ба Чорбоғ баргаштанаш аз он дара мегузарад. Ҳамин, ки ӯ дар байни деҳаи Саталмуш ва Мазори Додарак ба камари талҳо даромад ё аз камари талҳо баромада ба дара қадам монд, мо якбора аз шинакҳо хеста ӯро лагад мекунем.
– Мо бегоҳӣ, ки бароем, ба Мазори Додарак шабона дар торикӣ мерасем. Аммо агар то расидани мо мингбошӣ аз он ҷо гузашта равад чӣ?
– Коре кардан лозим, ки гузашта наравад.
– Чӣ хел мекунем? Мумкин ки мингбошӣ ба Чорбоғ вақти намози дигар ё шом баргардад.
– Коре кардан лозим, ки ӯ дар роҳ дертар монда, ба Мазори Додарак лоақал баъд аз хуфтан бирасад.
– Чӣ тавр?
– Инро ту ба уҳда мегирӣ. Ту ҳозир бо даҳ–понздаҳ нафар одами худат баромада рост ба тарафи Тути Қозӣ меравӣ. Агар тез роҳ гардӣ, ба он ҷо аз намози дигар барвақттар мерасӣ. Дар Тути Қозӣ пинҳон шуда роҳи мингбоширо мепоӣ. Мингбошӣ дар бозгашт аз ҷониби Ховалинг ба он ҷо ки расид, ту аз дуртар худатро ошкор мекунӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо