Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Қушбегӣ ба беки нав дар бобати идораи вилоят ва фуқародорӣ дастур, маслиҳатҳои муфид медод:
– Кӯҳистониён ҷоҳиланд, саркашанд, – мегуфт ӯ, – дар ҳаққи ин мардум сахтгир будан лозим. Охир, ин мулк ва ин халқро мо бо зарби шамшер ба фармон овардаем, ин мардум ғуломони моянд. Мо ҳар чи фармоем, онҳо бояд ки лаббай гуфта истанд; ҳар чи талаб кунем, беқилу қол диҳанд. Ин халқи нимёбоӣ, ҷоҳилу ғофил, ба як ҳисоб, аз дину шариат бехабар буданд, гӯем ҳам мешавад, фақат мо намояндагони қуббатулисломи Бухоро, дар сояи давлати амирони саиди вай, ба ин халқ дину шариати муҳаммадиро ёд дода истодаем.
Мирзоакрамбой суханони Остонақулро мешуниду хаёлаш ба ҷойи дигар буд. Вай дусад ҳазор тангаи дар вақташ ба ҳокими Кармина Аҳадхон инъомшуда, аспи фалонсумаи бо зини тиллокорӣ ва абзоли нуқрагин боз ҳам ба ҳамин Аҳадхон пешкашшуда, пулҳои ба сару либос ва зебу зевари Зебӣ сарф гардида, саду панҷоҳ тиллои нақди ба бадали ярлиғи мирохӯрӣ ба удайчии амир додашударо фикр мекард. Ба дилаш мегуфт, ки: «Акнун вақти он расид, ки ман зудтар ҷойи ин харҷҳоямро пур кунам».
Дар Балҷувон ӯро тӯдаи сипоҳиён, амалдорон ва муллоёни шаҳр пешвоз гирифтанд. Бек дар ҷавоби салому таъзимҳои тамаллуқкоронаи онҳо ҳар дам бо кибру виқор саре ҷунбонида, бо навкарон ва мулозимонаш ба қалъа боло рафт.
Дар даруни қалъа аз асп пиёда шуда, ба девонхона ва ҳавлиҳои истиқоматӣ надаромада, аввал дар се–чор ҷо ба болои девори қалъа баромада ба атроф назар андохт. Гӯё мехост, ба як бор ҳамаи вилояти кӯҳии ба зери фармони худаш даромадаро бинад. Қалъаи қадимаи Балҷувон дар тори кӯҳ, ё дурусттараш дар шахи баланде, дар болои ҷаррии лаби Сурхоб чун ошёни уқоб ҷойгир, дараи дарозу фарохе бо санглохҳояш, долу дарахтонаш ва хатти нуқрагини обҳояш дар пойи қалъа ҳамчун пойандози авлоне густурда, шаҳри сангину кулӯхини Балҷувон ба ду соҳили дарё дар фарозу нишеб ва бағали талҳо паҳну парешон аст.

пешина
аз 471
навбатӣ