АХТАРОНИ АДАБ

Мирохӯр, дар рикобаш сӣ нафар навкару хизматгор, бо карру фари тамом озими кӯҳистон гардид.
Дар сари роҳ ба Ҳисори Шодмон таваққуф намуда, як шабонарӯза меҳмони Остонақул қушбегӣ шуд. Ҳокими Ҳисор, ки мушаррафи марҳамати хоси амир гардидани Мирзои Қориро медонист, ӯро хуш қабул кард.
Остонақул барои он ки ба беки нави Балҷувон нишон диҳад, ки соҳиби чи гуна ҳокимият ва давлате мебошад, ба вай қалъаи худ ва он чиро, ки дар қалъа буд, тамошо дод. Мирзоакрамбой аз таърихи дуру дарози пурошӯб ва хунини ин қалъа хеле чиз шунида бошад ҳам, пештар ба он ҳеҷ надаромада буд, бинобар ин онро бо майли калон тамошо кард. Зиндон ва чоҳи торику бадбӯй, бандиҳои ниммурдаи кунда ба по ва занҷиру завлона ба гардан, ки дар он зиндон ва чоҳ хобида буданд, ба Мирзоакрамбой он қадар таъсире набахшид, зеро вай ин нишонаҳои салтанати амиру ҳокимонро, ҳатто аз ин даҳшатноктарашро на як бору ду бор дида, одат карда монда буд. Таваҷҷуҳи ӯро аз ҳама зиёдтар хазинаи аҷоиби Остонақул ба худ ҷалб кард. Ин хазина дар қасри ҳоким як хонаи ниҳоят калонеро ишғол карда буд, ки ба анбори бузурге монандӣ дошт: дар вай сандуқҳои тангаю ҷавоҳирот, зарфҳои гуногуни тиллою нуқра, соатҳои хел ба хел, мизҳо, курсӣ ва креслоҳои мулоими кандакорӣ ва зарҳалкорӣ, ҷомаҳои гаронбаҳои ранг ба ранг, корду ханҷарҳои зумурраднишон ва боз сад гуна чизу ашёи антиқаи хурду калон, ки Мирзои Қорӣ чӣ будани онҳоро намедонист, боло–болои ҳам бе тартибу низом истода буданд. Мирзои Қорӣ ба ин ҳама сарвати ҳоким бо чашми ҳирсу ҳасад менигарист, онҳоро даст–даст карда медид.
Шаб Остонақул бо меҳмони худ хилват орост. Ба таги меҳмон се қабат кӯрпачаи шоҳию атлас андозонда, худаш дар дами даричаи меҳмонхона ба намад нишаст. Вай зинату таҷаммули зоҳириро нағз намедид, аз рӯйи одати худ дар намад ё гилем менишаст. Аслан бар боргоҳ – меҳмонхонаи гаҷкории ӯ ҳам ғайр аз ду намади калони нимдошт, ду лӯлаболишт ва як мизи паст бо давоту қалам, чизи дигаре дида намешуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо