АХТАРОНИ АДАБ

Бесавод бошад ҳам, “Қиссаи Абӯмуслим”, китоби “Аҷоиб-ул-махлуқот” ва “Тӯтинома”-ро азбар карда буд. Назар ба гуфти худаш, вай ду зимистон дар аловхонаи деҳаи Бачкакон зиста будааст, дар он аловхона домуллои мактабдори деҳа шабҳои зимистон ба деҳотиёни ғуншуда аз китоб қиссаҳо мехондааст. Қиссаҳои номбурда ба Ризо дар ҳамон вақт ёд шуда будаанд.
Дар Дараи Мухтор вай бегоҳирӯзиҳо чун аз кору бори оилаи Восеъ фориғ мегашт, ҷӯраҳои наваш дар суфаи таги чинор ё лаби сангоб ба наздаш ҷамъ мешуданд, ӯ ба онон қиссаҳои ёдакӣ мехонд, латифаҳо мегуфт. Думбураи Восеъро машқ карда–машқ карда ёд гирифта буд, менавохт.
Ба мақоми думбураи ӯ ҷавонон тарона мехонданд. Аҳёнан духтарон ҳам меомаданд, онҳо одатан ба давраи писарбачагон ҳамроҳ нашуда, дар як канор ғуч нишаста, ба дилхушиҳои онон шармгин–шармгин ҳамроҳӣ мекарданд.
Гулъизор ҳам бо духтарон меомад. Агар наояд, аз пушти дари ҳавлии дарун ё аз болои бом ба нақлҳои шавқовари Ризо гӯш меандохт.
Вай надида наметавонист, ки Ризо бо ҳунарҳои худ, инчунин ба ҳусни сурат ва қаду баст ҳам аз ҷӯраҳояш ҷудо шуда меистад ва чунонки гуфта мешавад, шамъи давра, зеби маҳфили ҷавонон аст. Духтарак дар дилаш ба узви оилаи худашон будани Ризо фахр мекард. Вақте пай мебурд, ки духтарони дигар ба Ризо бо чашми ҳавас менигаранд, ё ҳар гоҳ агар бинад, ки Ризо бо духтаре гапҳои шӯхона мепартояд, рашкаш меомад.
Боре Ризо аз рӯйи одати куҳнаи «дайдугии» худ се рӯз аз деҳа ғайб зад. Гулъизор дар ин се рӯз ҳис кард, ки то чӣ андоза ба ҳар рӯзу ҳар соат дидани Ризо ва шунидани овози вай одат карда будааст. Ба худ ҷойи нишастан намеёфт, беихтиёр чашму гӯшаш ба дар буд. Чун Ризо боз пайдо шуд, духтарак шодии худро пинҳон карда натавониста, ба сӯяш давида, булбулвор хониш карда гуфт:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо