Зеҳн
АХТАРОНИ АДАБ

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 471 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз он баъд Гулъизор ба Ризо рӯяшро турш намекардагӣ шуд. Ҳатто баъзан аз ҳавлии дарун хӯроки Ризоро ба ҷойи Ҳасану Давлат худаш бароварда медод. Ҳатто либоси Ризоро худаш мешуст. Ҳатто бегоҳрӯзиҳо баъзан ба ҳавлии берун – ба пеши Ризо баромада бо вай «гунҷишк парид»– бозӣ ё чистонгӯӣ мекард.
Аноргул Ризоро аз барои чаққонӣ ва корбудкуниаш дӯст медошт ва то тавонистанаш бо вай муомилаи нағз мекард; дар дилаш аз шавҳараш мамнун буд, ки вай ин дастёри нағзро ба дари худ овард. Вай инчунин аз дигаргун шудани муомилаи духтараш бо Ризо хурсанд буд.
Аммо Қосим, ки аз оилаи бародараш каму беш хабардорӣ карда меистод, дар дилаш зиндагӣ кардани мисли Ризо ҷавони бегонаеро дар оилае, ки ҳамчун Гулъизор духтари қадрасе дорад, намеписандид, аз муносибати нави дар байни бародарзодааш ва Ризо пайдошуда норозӣ буд. Вай ин норозигии худро ба Аноргул ҳам изҳор карду ба Ризо ҳам фаҳмонд.
Қосим як бегоҳ ҷавон ва духтарро дар суфаи таги чинор машғули чистонгӯӣ дида, чини нохушнудӣ бар ҷабин кашиду Гулъизорро ба ҳавлии дарун ронд ва ба Ризо бо таҳдиду наҳиб гуфт:
– Чӣ бо ӯ хандаву бозӣ мекунӣ? Гулъизор ба ту кӣ мешавад? Ҷоятро дон, бача!
Ризо аз он пас дарвоқеъ, «ҷояшро донист». Ҳарчанд Гулъизор баъзан майли вохӯрӣ ва чақчақҳои ӯ кунад ҳам, Ризо худдорӣ ва канорагирӣ менамуд. Вай дар дилаш мудохилаи Қосимро ҳаққонӣ медонист ва ба худ мегуфт:
«Ман бояд эҳтиёт бошам, ки мабодо мардум гап накунанд ва ба номи Гулъизор доғе наафтад».
Ҷавонони деҳа низ монанди Гулъизор дар аввал ба «адирӣ» бо чашми нохайрхоҳӣ нигоҳ мекарданд, ӯро ба давраи худашон роҳ намедоданд, аммо хушбозигӣ ва гапдонии Ризо онҳоро кам–кам ба худ ҷалб кард. Онҳо ҷӯёи дӯстӣ ва рафоқати вай гаштанд. Ризо латифаҳо, масалу мақолҳои бисёре медонист.

пешина
аз 471
навбатӣ